Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

робитаи мо бо хешовандонамон, ки дар хориҷа буданд, қатъ гардид,- нақл кард кампир.

Оре, мардуми гузари Якуми Майи шаҳри Кӯлоб, ҷое ки кампири Ҷумда зист дорад, аз хулқу атвор, шину хези фарзандони ин оила шоду мамнунанд. Шоҳидони рӯзгор иброз менамоянд, ки аз рӯи салобат, чеҳра, қаду қомат, гапу рафтораш Ҷумда ба шодравон Ҳазrati Эшон хеле шабоҳат дорад. Кампир ба синни 75-солагӣ мерасад, ҳоло ҳам батакво, баиффат, ҳалиму хоксор буда, ҳар як суханашро ҷиддӣ ва санҷида мегӯяд.

ҚУМОНДОН ФАРҲОДИ РИЗО

Пулковник Фарҳоди Ризо тӯли сӣ соли фаъолияти корӣ зинаҳои зиёди зиндагиро тай кардааст. Ӯ аслан дорои маълумоти илмҳои дақиқ буда, факултети физикаву математикаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Он солҳо муаллимонро ба хизмати аскарӣ намегирифтанд, вале Фарҳод ихтиёрӣ ба хизмат рафт. Ва аз ин то ҳол хушнуд аст. Гап сари он ки ду соли хизмат дар қисмҳои низомӣ дар шаҳри Новосибирск ба ӯ ҳам камолот бахшид, ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман обу тобаш дод. Дарси аз ҳама муҳимаш барои Фарҳоди Ризо дар ду соли хизмати низомӣ, ин дар зиндагӣ муҳим будани риояи интизом ва серталабӣ буд, ки ҳоло аз он фаровон истифода мебарад. Баъд аз хизмат ӯ чанд сол муаллимӣ кард: ба шогирдони омӯзишгоҳи техникӣ сабақ медод. Худӣ ҳамон вақт ҳам, рости гап, дили ӯ ба хизмати низомӣ моил буд. Ҳатто дар он солҳои хеле душвор ба

пешина
аз 176
навбатӣ