Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Афғонистон рафт, ба сифати афсар хизмат кард, ба қавле қарзи башардӯстонаашро адо намуд.

Касбу ҳунар ва таҷрибаи бой дар ҳама маврид ба кор меояд. Баъди соҳибистиқлол гаштани кишварамон чун дар назди фарзандони баору номуси диёр масъалаи ҳифзи марзу буми он аз қасдҳои душманонаи онҳое, ки инкишофу пешравии давлати тозаистиқлоламонро намехостанд, ба миён омад, Фарҳоди Ризо тақдири хешро бо гурӯҳи фаврии таъминоти алоқаи қисми низомии 2710-и Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст. Чун баъзе қисму бригадаҳо таъсис дода мешуданд, эҳтиёҷ ба мутахассисони болаёқат меафзуд, Фарҳодро ҳам ба бригадай навтаъсиси рақами 2133 гузарониданд ва дертар фаъолияти ташкилотчигию ҷасорати шахсиашро дида, кумондони бригадай қисми низомии 2730 таъинаш намуданд. Соли 1995 сарварии бригадай махсуси рақами 8-и Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатиро ба зимма дошт. Қобили қайд аст, ки кордониву масъулиятшиносии ҳамешагӣ барои ба зинаҳои камолот баромадани полковник Фарҳоди Ризо мусоидат мекунанд. Солҳои 1997-1998 ӯро ҷонишини сардори Раёсат оид ба ақибгоҳ, аз январи соли 1998 ёрдамчии Раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд.

Ҳоло дар ноҳияи Шаҳритус ба ҳайси кумондони қисми низомии 2720-и Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ фаъолият дорад.

пешина
аз 176
навбатӣ