Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

кард, ки ин моли ҷомеа аст, қадри он сабаби ғазаби илоҳӣ мегардад, касофатӣ меоварад. Орс, ҳам Мулло, ҳам писараш Ҳабибулло ба ҳаққи мардум талош намекарданд, мардони қонеъу худотарс буданд, бебақоии оламу одамро дар даҳри дудар баръало медонистанд, ба худ гуноҳ намехариданд, дар ҳоли фақирӣ мезистанд.

Бобои Мулло забони русӣ, ӯзбакӣ ва лотиниро хеле хуб медонист. Ҷаҳд дошт, ки писараш Ҳабибулло низ соҳибилм бошад. Аз ин лиҳоз ба таълиму тарбияи ӯ таваҷҷӯҳи хоса дошт. Вақте ки хостанд Ҳабибулдоро ба аскарӣ бигиранд, ӯ монеъ шуд. Барои он ки аз илми ислом, ки пайваста таълим мегирифт, канда нашавад. Соли 1966 хост аз ин макон ҳам бикӯчад, то ҳарифон ӯро фаромӯш созанд. Ба Таҳдашт, ба совхози ниҳолпарварӣ кӯчиданӣ шуд. Кӯчашро бобои Қувваталӣ ва дигар мӯйсафедони деҳа аз нисфи роҳ баргардонда, боз ба Каримбердии Миёна оварданд. Ҳазрати Домулло соли 1973 аз олам гузашт. Хурду калони деҳаи Каримбердӣ аз марги пешвои хеш хеле мутаассир гаштанд. Акнун бори маъракаву маросим, маргу мурдаи онҳо, табобаташон бар дӯши Махсуми Ҳабибулло афтод. Махсуми Ҳабибуллоро уламову удабои он рӯзҳо ба мисли Эшони Хатиб, Мулло Қурбон, кампири Ҳамида, Махсуми Садир, Махсуми Малах, Махсуми Абдуламину Абдулмӯмин, Махсуми Аливу Махсуми Абдулғанӣ дӯст медоштанду ҳурмат мекарданд. Махсуми Абдулмӯмин - фарзанди Ҳоҷӣ

пешина
аз 176
навбатӣ