Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

ҚУДОИ ҲАЗРАТИ ЭШОНАМ

  • Ман зодаи деҳаи Чормагзаки Арзиҳели тумани Балҷувон ҳастам. Солҳои 1931-32 моро кӯчонда, ба таҳдашт ба ҳозира хоҷагии деҳқонии ба номи Имом Алии (собиқ колхози «Коммунизм»)-и ноҳияи Восеъ оварданд. Мо ду бародару як хоҳар будем. Акаам Туробшо дар ҳамин деҳа вафот кард. Додарам айни ҳол дар ноҳияи Ҷиликул зиндагӣ дорад. Авлодони падарам аслан аз ноҳияи Конибодоми вилояти Суғданд. Бобом Арбоб Киром, падарам Саид ном доштанд. Чор духтару як бачча дорам: Саъбагул, Қурбонгул, Оимгул, Ҳуснигул ва Саидалӣ. Шукри Худои таъоло онҳо аз домани ман сабзидаанд ва имрӯз соҳиби набераву абераҳоям.

Набераҳоям Файзиддин, Нуриддин, Фазиламо, Занҷирамоҳ фарзандони духтарам - Оимгуланд. Аз духтарам Саъбагул Маҳмадулло, Мошариф, Майсара камол ёфтанд. Духтарам Қурбонгул – зани Махсуми Ҳабибулло соҳиби даҳ фарзанд аст. Духтарам Ҳуснигул олима мебошад. Ӯ чун номзади илми филология дар равнақи илми забоншиносии тоҷик саҳми босазое дорад. Ӯ чандин сол аст, ки устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад. Духтаронаш Зӯҳро, Заррина, писараш Баҳодур низ соҳиби маълумотанд.

Фарзандони писарам шодравон Саидалӣ, Маҳмадюсуф – дотсент, декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Ғунчагул - рӯзноманигор, Мирзо, Раҳмон – кормандони прокуратураи шаҳр мебошанд.

пешина
аз 176
навбатӣ