Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Чанд сари сол бо бобои Мулло Қурбоналӣ қудо будем, рафтуои хешу таборӣ доштем. Дар ҳамин муддат мо боре бо якдигар ҷанҷолу дилсиёҳӣ накардаем. Кадом вақте меҳмон мешудем, медидем, ки китоб мехонанд, аз он ба мо нақлҳо мекард, гӯш меандохтем. Хурду калон аз насиҳату раҳнамоии ӯ худро аз ҷиҳати ахлоқу рафтор ислоҳ менамудем. Мардаки дилсоф, худотарс, соҳибкаромат буд. Гумони бадро дар дилаш роҳ намедод. Домоди мо Махсуми Ҳабибулло ҳам беҳад ҷавони кушодчеҳра, одамдӯст буд. Маро баробари модараш эҳтиром мекард. Зиндагӣ вазнин буд. Ҳар рӯз онҳоро барои диндорӣ таъқиб менамуданд. Ҳатто маро барои хушдомани Махсум буданам ҷазо медоданд. Солҳои гуруснагӣ аз ҳамин Имомалӣ як копча орд бардошта ба хонаи духтарам ба Каримбердӣ бурдам. Меҳнат мекардем. Ҳоло замонаҳо серию пурӣ шудаанд, шукр мегӯем. Лекин як чизро хотиррасон мекунам, ки моро аз рӯзҳои вазнин ба рӯзҳои неку кушод иродаи қавӣ, худотарсӣ, меҳнати ҳалол оварда расонд. Файзу баракати оилаи мо аз хосияти суханҳои Мулло Қурбоналӣ ва Махсуми Ҳабибулло аст. Бале, онҳо он айём мисли ситорае буданд дар тирашаб, ки роҳи ҳамасрон, ҳаммиллатони хешро паи расидан ба муроду мақсад мунаввар месохтанд. Оре, хӯрдани нони ҳалол, меҳнат, дуоҳои бузургон касро бақувват нигоҳ медорад. Ман ба 103-солагӣ қадам мезанам. Аммо то ҳоло ба доруи духтурон мӯҳтоҷ нашудаам.
Ҳабисамоҳи Саид,
Сокини ноҳияи Совет, 103-сола.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё