Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Эшону муриданаш ба ӯ бахшишҳо карданд, гӯселаш намуданд.

Ана, боз ба пеши ӯ барои табобат марди қоматбаланду паҳлавонҷуссаеро болои асп меоваранд, дастонаш аз пеш баста, пойҳояш аз таги шиками асп бо чилбур бандпеч аст, аррос мезанад, шиносу ношинос, каси ба чашмаш афтодаро дашном медиҳад. Гоҳ рӯ боло, гоҳ рӯ поён дида медӯзад, механдаду мегиряд.

  • Чӣ кор кунем ин девонаро, тақсирам? - пурсид баъди ҳолпурсӣ роҳбалад, ки худро аз диёри Мӯъминобод муаррифӣ сохт.

  • Аввал ба оби ҷӯй тарш кунем, сонӣ ба боло биёред, - амр кард Ҳазрат. Ҳамин хел ҳам карданд, акнун аз ҳайбату ғавгои девона кам одамон ҷуръати ба масҷид наздикшавӣ мекарданд.

  • Дар ҳамин кунҷи масҷид ҳаволаша ба Худо кунеду биравед, - гуфт бобои Эшон.

Девона теғ кашида ба чеҳраи ӯ нигоҳи изтироболуде намуду хомӯш монд. Баъди як моҳи табобат ба тамом шифо ёфт. Вақте ки азми хабаргирии волидонаш намуд, Ҳазрат фармуд, ки ба ӯ асп диҳанд.

  • О, тақсирам, аз рӯи гуфти хешовандонаш ин мардак як рӯз бахуд асту сад рӯз бехуд, аз дасти ӯ зану марди зодгоҳаш гурезонанд. Мегӯянд дар авҷи беморӣ луччу модарзод дар кӯчаҳо мегаштааст, баччаву качашро ҷафо медодааст.

  • Бо хости Худои таъоло нерӯҳои аҳриманӣ, ки пайи озораш буданд, дур гаштанд, албатта бармегардад.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Се рӯз нагузашта бо лабони ба табассум моил мардак баргашт. Ӯ муддати шаш моҳи дигар хизмати бобои Эшонро ба иҷро расонид. Ҳар доим хиҷолатомез мегуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ