Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
- Ё бузургвор, мабодо дар вазъи васваса агар носазое гуфта бошам, маъзурам доред.
Чун ба тамоми шифо ёфт, солики тариқати тасаввуф шуд. Асперо ба ӯ бахшида, бобои Эшон дуояш дод.
Сухани Ҳазрати Эшони Алааспа басо ҷозибанок, мутаассиркунанда буд. На ҳар кас иродаи рад кардани фармони ӯ, тоби нигоҳи асрорангези чашмони уқобии ӯро дошт. Лаҳни хушу гуворояш ба чӯби хушк ҳарорат мебахшид.
Бобои Маҳсуми Ҳабиби Худойдод як тан аз муридони Ҳазрати Эшон чунин нақл мекунад: «Дар яке аз рӯзҳои тирамоҳ, ҳангоме ки шиддати гармои ҳаво пасттар шуда, бод аз домани баргаҳу теппаҳо бӯи хоку коҳҳои аз борони кӯтоҳи чанд рӯз пеш борида намкашидаро меовард, даҳмардаи ришу мӯйлабаш расидаву аз бетавфиқӣ рангаш каб-кабуд меҳмонии Ҳазрат омад, ба ибодаткунӣ, сӯфишавӣ. Аз сӯҳбати кӯтоҳ маълум шуд, ки мардак аз хату савод бебаҳра асту умри худро миёни сангу кулӯҳи кӯҳу камар сипарӣ кардааст, акнун мақсади сӯфӣ шудан дорад. Ҳазрат даҳмардаро бо ишора ба таваҷҷӯҳ гузошт, бо шеваи ба худ хос, бо овози баланд гуфт:
- Ё пири Комил, даст бигир!
Даҳмарда гӯё чизеро нашунид. Бефарк ба Ҳазрат менигарист. Хеле истоданд, боз Ҳазрат идома карданд:
- Ё пири Бухоро, даст бигир!
Ин дафъа мардак каме ҷунбиду халос.
- Ё Баҳовиддини балогардон, даст бигир!
Вақте ин суханҳоро гуфт, даҳмарда аз ҷояш ҷаҳида рост хесту «Оллоҳу!» гуфту худро ба замин зад, чанд муддате печу тоб хӯрд, оҳу нола кард.
- Сӯфиён, бигиред сӯфиро! - хитоб кард Ҳазрат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё