Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Дар ин ҳолат Ҷабраил алайҳи-с-салом омаду гуфт: Ё Ҳазрати Довуд, Худои таъоло салом мефиристад, баъди салом мегӯяд, ки ба фалон кӯҳ биравад, бандаеро бинад, ки чӣ хел тоғат карда истодааст. Ҳазрати Довуд алайҳи-с-салом ба назди он кӯҳ пурсидаву суроғ карда рафтанд. Диданд, ки як марди бошукӯҳе ба тоғат машғул аст. Бисёр интизорӣ кашиданд, то ки аз тоғат фориғ шаванду саломи ин касро бипазиранд. Диданд, ки аз тарафи рост намешавад, аз тарафи чапи Шайх рафтанд. Ҳар ҳолат, ки дар намоз салом медоданд, Ҳазрати Довуд низ «Ассалому алайкум» гуфтанд. Шайх ҷавоби салом доданду боз хостанд, ки ба намоз машғул шаванд. Ҳамин вақт Ҳазрати Довуд гуфт:
- Эй Шайх, ман ба ту чанд саволе дорам.
Шайх дид, ки дар паҳлӯяш як марди бегонае нишастааст, ҳайрон шуду пурсид: - Эй, мард, ту ягон шахси нохалаф ё зиллатгаре набошӣ?
- Не, Шайх, ман Довуди пайгамбарам.
- Агар мефаҳмидам, ки шумо пайгамбари Худоед, ман ба шумо салом медодам, узрхоҳӣ кард Шайх.
- Эй, Шайхи бузургвор! Дар ин макон чӣ мехӯриву чӣ менӯшӣ, чанд сол аст, ки тоғат мекунӣ?
Шайх гуфт: - Чорсад сол боз тоғат мекунам, пӯшокам аз намад, кулоҳам аз намад, кай вақте эҳтиёҷи ғизо шавад, он аз ғайб пайдо мегардад гуфтанду боз ба намоз машғул шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё