Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

АҲЛИ БАЙТ

Ҷӣ тавре ки дар боло зикр кардем, бобои Эшони Алааспа мӯҳлати зиёди умри хешро сарфи таҳсил, азбар кардани маърифати ислом намуда, дар овони пиронсолӣ ба зодгоҳаш Парронақ баргашт. Ӯ баръало медонист, ки инсони хокӣ миранда аст ва дар ин олами фонӣ меҳмон. Бояд сӯфиву муридон ва фарзандони солеҳ бипарварад, то ному насаб, донишу таҷрибаи андӯхтаи ӯро идома бахшанд, такмил диҳанд.

Аз Бибии лақай як духтар, аз Бибии кӯлобӣ ду духтар - Ҷумда, Нуҳбатилло, аз Бибии Эшонӣ - духтари Қосим туксабо - се духтару се писар ба ёдгор мондааст. Писаронаш Муҳаллил, Муҳаймин, Саймуртазо соҳиби маълумот, аҳли тасаввуф буданд. Аз ҷумла Муҳаллилҷон, ки минбаъд барои аз хатари гирудори шӯравӣ дур кардан номашро Абдулмаҷид мегузоранд, ба тариқати суфигӣ гаравида, ба дараҷае, ки аз Ҳазрати Эшон иршод доштанд. Муҳайминҷон бисёр хушкироъат ва аз илми тасаввуф баҳраманд буданд, инчунин чеҳраи хеле зебо доштанд ва аз рӯи зебоӣ ӯро Махсуми сафедак низ мегуфтанд. Писари хурдӣ Сайид Муртазо низ кироъатгари хуби китобҳо, сӯфӣ ба шумор мерафтанд. Духтари бобои Эшон Шарикамо низ мактабдидаву китобхон буд.

Ривояту далелҳо ҳастанд, ки хонаи Ҳазрати Эшон ҳамеша сермеҳмон буд. Муридону мухлисони зиёд меомаданд. Аз рӯи гуфти шоҳидон танҳо аз ҳисоби наҳорӣ 18-20 табақ ширбиринчу гардсӯз ба пеши

пешина
аз 176
навбатӣ