Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
ҳукумати нав бархоста ҷони садҳо беваву бечораҳоро ба гарав мемонданду барои машварат надаш меомаданд, ситеза менамуд: Шумо киро мекушед? Русбачаҳои пойлучУ сарбози сурхшударо. Онҳо чӣ гуноҳ доранд? Онҳоро, ки мисли фарзандони мо мебошанд, иҷборан фиристодаанд. Хоҳед, нахоҳед замонҳо дигар шуданд. Тамоми мулки Бухоро дар тобеияти ҳукумати нав қарор гирифтааст. Амиратон гурехт, дигар чора нест. Агар мову шумо ҳифзи зану фарзанд, дину оин хоҳем, бояд бо онҳо муросо намоем, коре кунем, ки бегуноҳу бечорагон талаф нашаванд, хонаву дари моро насӯзонанд. Оҳиста-оҳиста ҳақ ба ҳақдор мерасад. Шумо дӯздиву ғорат мекунеду мегурезед, зулм ба халқ мешавад, «босмачиёнро роҳ додед» гӯён мардума аскарони ҳукумати ҷадид ҷафо медиҳанд.
Ин суханҳо ба қурбошӣ маъқул нашуд, қаҳр кард. Дар ҳамин гуфтугӯ буданд, ки аспи ӯ шиҳаи сахт кашид, чароғпоя шуду пеш ҷаҳид. Қурбошии шикамгафс сарнагун гашту асп рӯ ба гурез ниҳод. Бобои Эшон аспро садо кард. Чонвар, ки хеле дур рафта буд, баргашт, оҳиста-оҳиста назди Ҳазрат омад, сари китфи ӯро лесид. Босмачиён музтару хомӯш ба қароргоҳашон даромаданд. Чанд тани онҳо бобои Эшонро то ҳавлиаш гӯсел намуданд.
Ҳазрати домулло Барот яке аз ҳамсабақони бобои Эшон буданд, чорсад нафар муридонашонро ҷамъ карда, бо мақсади набард бо ҳукумат ба кӯҳу камар рафтанд. Бобои Эшон, ки домуллоро барои босаводӣ, соҳибкароматиашон беҳад дӯст медоштанд, дарак ёфта, зуд мактубе навишта бо дасти муриде ба он кас фиристоданд. Мазмуни мактуб чунин буд: Аз ибтидо нотифоқию носипосӣ карда сарварони шаҳру вилоят

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё