Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

дину оини мо мулкро хароб карданд. Кашмакашии онҳо боиси сустии нерӯҳои ҳарбию ақлонӣ гашт. Амири ту, соҳиби тоҷу тахт аз пеши ту гурехта ба Афғонистон рафт, ту барои кӣ меҷангӣ? Давлати ту на иқтисод, на иттиҳод дорад, на амир, на вазир. Гапи маро бигирӣ, агар табъат бошад, бирав сулҳ кун, агар табъат набусад, бо ҳамроҳонат ба Афғонистон бирав. Ман шахсан ба ҳеҷ куҷо намеравам, аввалаш, ки пир шудаам, фарзандонам хурдакаканд, сонӣ аз тақдир роҳи фирор нест, таваккали мо ба Худо! Ин балою офат аз касофати мо чун ғазаби Худованд нозил шудааст, иншоаллоҳ вақташ мерасаду дину оин ва миллати мусулмон озод хоҳад шуд.

XXX

Рӯзе фармондеҳи рус — муридаш Барбин ташриф оварда, дар омади гап изҳор намуд:

  • Бобой (Бобои Эшонро асосан ҳамин хел ном мегирифт) дар рӯйхати ҳабсгирии ҳукумат номи шумо нест. Ман фаҳмондам он ҷо, ки шумо аҳли илм ҳастед, мӯҳру шаҳодатномаи олимӣ, мударрисӣ доред. Шумо душмани халқ нестед, табиби бебаҳо ҳастед, мардума шифо мебахшед. Бовар карданд. Фақат аз ҳамсояҳотон огоҳ бошед. Мабодо нанависанд, шоҳид нашаванд, ки шумо мардума бар зидди ҳукумат мешӯронед, фаҳмидед бобой?

Бобои Эшон бо ишора сухани ӯро тасдиқ намуд. Аз ин миён чанд моҳ сипарӣ гашт. Рӯзе онҳо ба ҷаноза ба деҳаи Қиблаӣ мақсади рафтан намуданд. Яке аз муридонаш ба гӯши бобои Эшон гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ