Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

либоси зеборо, ки мехарад, намепӯшад? Ӯ гуфт, «инҳо барои Ватананд, он ҷо мепӯшам».
Вақти баргаштан, барои худу наздикон боз ҳам либосу савғои зиёд харидем. Агар бағочи ман ду ҷомадон шуда бошад, бағочи Сӯҳроб ду баробари ман буд, зеро ӯ тамоми сол мол ан дӯхта буд ва ҳанӯз ҳам бо он либосҳои овардааш мегашт.
Пас аз баргаштан, рӯзе дар хиёбон, вақте аз мошин пиёда мешудам, ӯро дидам. Ғамгину маъюс буд. Ҳол пурсидам, бо ҳас рат гуфт:
– Асло напурс, хонаро дузд зад, бетурсук (либоси зер) мондем.
Дар танаш ҳамон либосҳои қадимияш буд.

ЧӢ ГУНА БА ТИҶОРАТ РӮЙ ОВАРДАМ

ар Иттиҳоди шӯравӣ донишгоҳҳои Маскав, Ленин- Дград, Боку, Ереван, Тошканд ва ғайра низ шуъбаҳои шарқшиносӣ доштанд. Якчанд нафар донишҷӯёни шуъбаҳои шарқшиносии ин донишгоҳҳоро низ ҳар сол ба мамлакатҳои шарқ барои беҳтар омӯхтани забон ва шиносоӣ бо кишвари мавриди омӯзишашон мефиристоданд. Он сол мисли мо аз аксари ин донишгоҳҳо низ донишҷӯён ба Ҳинд омада буданд.
Мо ҳама якдигарро мешинохтем, зеро аввалан, мо ҳама ба ҳам муаррифӣ шуда будем, сониян, дар ҳафтаҳои аввал зуд-зуд ба сафорат мерафтем ва якдигарро медидем.
Аз ҷумлаи ин донишҷӯён ду нафар, яке аз донишгоҳи Тошканд ва дигаре аз Боку диққати маро ҷалб карданд. Инҳо бай ни пойтахтҳои Непалу Ҳинд – Катманду ва Деҳлӣ равуо ва ти ҷорат мекарданд. Кунҷковиям боло гирифту аз онҳо пурсида-пурсида, ҷузъиёти корашонро фаҳмидам. Онҳо аввал як сафар ба Катманду рафта, нархҳои онҷоро омӯхтаанд, ки чӣ чизҳоро

пешина
аз 253
навбатӣ