Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
бесалоҳиятии роҳбарони мақомоти қудратӣ истифода карда, кишварро ба мин тақаҳои нуфузи худ тақсим карда буданд ва тибқи мақоли «худам шоҳу табъам вазир» амал мекарданд. Дар он маҳалҳо ба тороҷи амволи мардум даст мезаданд, дар роҳҳо ғавчӯб гузошта, даркору нодаркор мардумро тафтиш мекарданд, озору азият мекарданд, ба занону духтарон дастдарозӣ мекарданд, хулоса, бедодгариро ба авҷ расонда буданд.
Дар Иттиҳоди шӯравӣ, чи тавре ки қаблан қайд кардам, дар байни мардуми тоҷик серфарзандӣ роиҷ буд. Ин серфарзандӣ сабабгори бекории ҷавонон мешуд. Ҷавонони маҳаллӣ, ки қисми зиёди аҳолии кишварро ташкил мекарданд, имкони амалӣ кар дани потенсиали худро надоштанд ва аз ин сабаб ба гурӯҳҳои ҷиноӣ мегаравиданд. Солҳои ҳафтод - ҳаштодум, дар Душанбе гурӯҳҳои ҷиноии хусусияти маҳалдошта арзи вуҷуд карда буданд. Ин гурӯҳҳои ҷиноӣ роҳбарҳои худро дошт, ки аз байни ҷа вонони боэътибори он маҳал баргузида мешуданд. Бештар ҷавонони бебоку нотарс ё варзишкорони намоён, мартабаи роҳбариро соҳиб мешуданд. Дар Иттиҳоди шӯравӣ қонуни нонавиштаи «олами ҷиноӣ» амал мекард, ки ба тафаккури ин ҷавонон таъсир мегузошт ва ҷурму ҷиноят ва хилофкориро тарғиб мекард. Ҳатто собиқаи зиндонӣ доштан низ имтиёз ҳисоб мешуд. Тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои мубориза зидди ҳамдигар аз ҳамин гурӯҳҳои ҷиноӣ истифода карданд ва аксаран роҳбарони ин гурӯҳҳо фармондеҳони тарафҳо шуданд. Вақте ин гурӯҳҳои ҷиноимаслак яку якбора силоҳ ба даст оварданд ва иҷозаи қонунии истифода аз он барояшон дода шуд, табиист, ки ба қатлу куштор ва дуздиву ғорат ва дигар ҷиноятҳо даст мезаданд. Барои мисол, ман дар поён ду ҳикояро дар бораи Ҳикмат ва Шуха меорам, ки ба хонанда тарзи тафаккур ва шахсияти ин тоифаи ҷавонони кишварро каме ҳам бошад, кушода медиҳад.
Ғайр аз ин, дар тӯли тамоми он солҳо дар минтақаҳои кӯҳис тони атрофи Душанбе ва дараҳои Ромиту водии Қаротегин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё