Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дастаҳои мусаллаҳи ғоратгар амал мекарданд. Онҳо низ вазъро ноором мекарданд, ба ҷону моли мардум даст мезаданд.
Қув ваҳои ҳукуматӣ бо онҳо меҷангиданд. Ҳатто дар канорҳои Душанбе зуд-зуд ин даргириҳо иттифоқ меуфтод.
Боре, охири солҳои навад, раиси як ширкати хориҷӣ, ки мо бояд барояш бор содир мекардем, бо хавотир ба ман занг зада пурсид:
– Ҳозир дар ахбор дидам, ки дар Душанбе ҷанг аст?
Ман гуфтам:
– Бале, ин ҳам садояш, - ва гӯшии телефонро назди тирезаи кушода доштам, ки садои тиру тӯпро бишнавад. Он рӯз дар самти шарқии шаҳр амалиёти низомӣ мерафт ва садояш аз офиси мо бармало шунида мешуд. Ӯ садои таркишҳоро шунида, як бора ба таҳлука уфтод. Бечора фикр карда буд, ки пешпардохти фиристодааш сӯхт.
– Пас, тақдири бор чӣ мешавад? - ноумед пурсид ӯ.
– Имрӯз равон мекунем, - гуфтам ман.
– Охир, чӣ тавр? Он ҷо ки ҷанг аст? - нобоварӣ изҳор кард ӯ.
– Ҷанг дар қисмати шарқии шаҳр аст, истгоҳи боргирӣ дар қисмати ғарбӣ, нигарон набош, бегоҳ асноди вагонҳоро мефиристем, мебинӣ, - гуфтам ман. Баъдҳо ӯ чандин бор аз ин суҳбат ёд карда механдид, ки Тоҷикистон кишвари бемисл аст, ҳар кас ба кори худ машғул, як сӯ ҷанг, сӯи дигар тиҷорат, ба ҳам халал намерасонанд. Албатта, ман барои ором кардани он ҳампаймони хориҷӣ чунин вонамуд карда будам, вале дар асл мардуми кишвар аз оғози ҷанг то аввали солҳои 2000 дар ҳоли муҳосира мезист. Ҷони мардум аз дасти фармондеҳони ҷиноятпеша дар азоб буд. Ин ҷо як латифаи воқеиеро меорам, ки бозгӯи ҳоли мардум буд:
Қувваҳои ҳукуматӣ бо кадом гурӯҳи мухолиф меҷангиданд.
Деҳае дар тӯли моҳ чанд бор аз даст ба даст гузашт. Хонаи пирамарде дар сари роҳ буд. Ҳар гурӯҳе, ки деҳаро забт кунад, дар

пешина
аз 253
навбатӣ