Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
нобуд шуданд. Қисми дигар ба муддатҳои тӯлонӣ ба зиндонҳо андохта шуданд, зеро ба қавли Одамушшуаро:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.
ҲИКМАТ
ке аз се нафар тоҷикбаччае, ки дар хизмати сарбозӣ бо Яҳам будем, Ҳикмат ном баччаи кӯлобӣ буд ва дар қисми десантӣ (коммандо) хизмат мекард. Ҳикмат қади баланду расо дошт ва ҷисман хеле қавӣ буд. Чашмони калони барроқи сиёҳ дошт, ки нигоҳаш сӯрохкунанда буд. Мӯи сарашро пок тарошида, риши кӯтоҳ мегузошт. Бар хилофи оинномаи сарбозӣ, шалвори махсус пӯшида, бо як пироҳани раҳдори маллоҳӣ, дар миёнаш корди Калашниковро ба тасма овехта мегашт. Ин тарзи зоҳирӣ мухолифи оиннома буда, фақат хоси ӯ буд ва агар каси дигаре чунин либос пӯшад ва ё риш гузорад, ҳатман ҷазо медид, вале афсарон ба Ҳикмат эрод намегирифтанд. Мегуфтанд, ки фармондеҳи дивизия шахсан Ҳикматро ҳамчун беҳтарин сар бози десант эътироф мекунад ва аз ин сабаб касе ба ӯ эрод гирифта наметавонад.
Умуман, ӯ «фарри» хоси тарсафкан дошт ва ҳама аз ӯ метарсиданд. Овозаи пархошҷӯияш ба ҳадде буд, ки касе ҷуръат надошт ҳатто ба мо – дигар тоҷикбаччаҳо низ даъво бикунад, зе ро медонистанд, ки бо ӯ сарукор хоҳанд дошт.
Чунон ки зикр шуд, дар артиши Шӯравӣ падидае ба номи дедовшина (собиқасолорӣ) доштем, ки тибқи он сарбозони со биқадор ба сарбозони навдаъват кор мефармуданд ва ҳар гуна зулмро раво медиданд. Масалан, сарбози собиқадор ба ош хона нарафта, сарбози ҷавонро мефиристод, то ки аз ошхона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё