Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
барояш хӯрокро ба бошишгоҳ биёрад. Ин гуна муносибатҳо низ хилофи оиннома буд.
Рӯзе як сарбози ҷавон ҳамин гуна аз ошхона бо нону маска берун меояд. Фармондеҳи қисми мо капитан Кузмин, ки афсари навбатдор будааст, нону маскаро аз дасти он сарбоз гирифта ба замин мепартояд ва бо пояш мезанад. Ҳикмат, ки дар он ҷо будааст, инро дида, ба хашм меояд ва бо як зарба Кузминро ба замин парч мекунад.
Чӣ ғавғое бархост! Ин ҳодисаи гӯшношуниде буд! Сарбоз ба афсар даст бардоштааст! Ҳикматро ба боздоштгоҳи сарбозӣ бурданд. Мо хеле нороҳат будем, зеро медонистем, ки ҷазои сангине ба Ҳикмат таҳдид мекунад.
Рӯзи дигар, вақте ки фармондеҳи дивизия аз қазия огоҳ мешавад, Ҳикматро талабида шарҳ мепурсад. Хушбахтона, Ҳикмат русиро хуб медонист ва хеле гапдон низ буд. Ӯ ба ҷенерал қадри нон дар Тоҷикистонро мефаҳмонад ва мегӯяд, ки мардуми мо нонро муқаддас медонанд ва агар нонрезаро ҳам дар замин пайдо кунанд, онро бӯсида, ба ҷои тозае мегузоранд. Ғайр аз ин, ӯ нақл мекунад, ки падари деҳқонаш чӣ тавр дар офтоби сӯзон дар даштҳои тафсон гандум мепарварад ва бо чӣ заҳмате нон мерӯёнад.
Ин расми хуби тоҷикӣ ва гапдонии Ҳикмат ҷони ӯро харид.
Ҷенерал аз нақли Ҳикмат мутаассир шуда, гуноҳашро бахшид.
Баъдан, Ҳикмат дар ҷанги шаҳрвандӣ яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд ва ба таври мармуз кушта шуд.
ШУХА
олҳои 90 дар ҳаёти кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун
Сдав рони беҳокимиятӣ ва равнақи ҷурму ҷиноят сабт
шудааст. Дар паи тақсимоти амволи давлатӣ муноқишаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё