Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
хунини зиёд рӯй доданд, ки каналҳои махсуси телевизион ва рӯз номаҳои ихтисосӣ аз онҳо гузориш медоданд. Саҳнаҳои пурқурбониву пурхун аз филмҳои Ҳолливуд ба кӯчаҳои шаҳрҳои Шӯравии собиқ пиёда шуда буданд.
Ҳаёт дар ҷомеаи Русияи подшоҳӣ суннатҳои аҷибе доштааст.
Ҷомеа ба табақаҳо ҷудо будааст. Аъёну ашроф одамони маъмулиро одам наҳисобанд, афсарон низ ба сарбозон бо чашми ҳақорат нигариста, ба онҳо беандоза зулму шиканҷа раво медидаанд. Одамони табақаҳои поёнро бо камтарин ҷурм ҳам ба зиндонҳо меандохтаанд ё бадарға мекардаанд. Табиист, ки ин муносибат вокунишҳое аз сӯи қишри мазлум ба бор меовардааст. Вокуниши мазлумон, махсусан дар зиндонҳо дар тӯли асрҳо ба таври фарҳанги хосе шакл гирифтааст, ки он ба ташаккули табақаи хоси ҷинояткорон боис гардидааст. Гурӯҳҳои ҷиноӣ қоида ва суннатҳои худро доштанд ва тибқи он зиндагӣ мекарданд. Таҳаввулоти ин гурӯҳҳо ва суннатҳои онҳо дар солҳои аввали ташкилшавии ҳукумати шӯроҳо ба ташаккули фирқаи ҷиноии «Дуздон» сабаб шудааст, ки то имрӯз қариб дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ фаъоланд.
Дуздон худро дар байни олами ҷиноӣ нухба меҳисобанд.
Онҳо бо сабки хос зиндагӣ мекунанд ва зиндонро хонаи худ медонанд. Ин ҷомеа забони махсус ва хазинаи хоси худро дорад, ки аз ҳисоби пардохтҳои соҳибкорони дар чанги онҳо уфтода, пур карда мешавад. Инчунин дуздон аз дуздиҳои худ қисми муайянеро ба ин хазина месупоранд ва дороии ин хазина барои даст гирии дуздони маҳбус сарф карда мешавад. Дар ҳар шаҳр дузди бонуфузеро барои назорат аз рӯи олами ҷиноӣ таъин мекунанд, ки вазифааш даъвои байни дуздонро ҳал кардан ва ба хазина даромад овардан аст, ки ӯро «Назорагар» меноманд.
Дузд, тибқи фарҳанги онҳо набояд оиладор шавад ва ба ҳеч унвон дасташро ба кор намезанад. Онҳо аз касби дуздӣ ифтихор ме кунанд ва онро ягона роҳи даромад ва зиндагӣ медонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё