Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Дигар бароям ҳама чиз равшан шуд. Агар дар хона як сум набошад, ки Абдулҳаким роҳпулӣ карда, шаҳр ба бемористон барои таҷрибаомӯзӣ равад, пас дигараш маълум. Ин як соле, ки ман тиҷорат оғоз кардам, он қадр машғулу саргарми кор будам, ки боре ҳам хабар надоштам, ки ин ҷо чӣ мегузарад?
– Чаро ба ман хабар нафиристодед, ки пул нест? - норозиёна пурсидам.
– Агар мегуфтем, чӣ кор мекардӣ? - савол доданд падарам.
– Ман пул дорам, мефиристодам, - гуфтам.
– Ту аз куҷо пул дорӣ, донишгоҳа нав тамом кардӣ, худата саришта кунӣ, мо хурсанд, - гуфтанд падарам бодиққат ба ман нигариста.
– Не, ман пули зиёд кор кардам, мегуфтед, мефиристодам,
- гуфтам ва пурсидам:
– Калиди мошин куҷост?
Ҳоли мошини падарам беҳтар аз ҳоли хона набуд. Чархҳояш кӯҳна шуда буданду аз бебензинӣ чанд вақт гирон ҳам нашуда буд.
Аз бензинфурӯши ҳамсоя бензин овардему бо мошин ба бозори деҳаи Навобод рафта, харид кардем ва хонаро чи тавре ки мебоист, ба тӯйхона табдил додем.
Рӯзи дигар, ман аз волидон хоҳиш кардам, ки ба ман фотеҳа диҳанд, то ки зудтар баргашта, корро идома диҳам. Падарам ғайриинтизор:
– Ҳамроҳ меравем, - гуфтанд.
Ман аз ҳайрат худам надониста:
– Барои чӣ? - гуфтам беихтиёр.
– Меравем, хонаи харидагиатро мебинем, мошинро таъмир мекунем, - гуфтанд.
Хурсандии маро ҳадду канор набуд! Бо мошин меравем!
Ман мошини падарамро бисёр дӯст медоштам. Дар он замону макон «Волга»-и мо беҳтарин мошин буд. Ҳамон соли аввале,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё