Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ки давлат Волгаро ба падарам барои қадрдонии хизматашон туҳфа карда буд, ман онро як-як дуздида ҳай мекардам. Он ба чагӣ ҳанӯз ҳам дар ботинам монда буд.
Ману падарам ва Абдулҳаким ба роҳ баромадем. Тақрибан, як рӯз дар роҳ гузашт, чархҳои фарсудаи мошин гаштаву баргашта мекафиданд. Бегоҳ дер расидем. Дар хонаи наве, ки дар маҳаллаи Зарафшон пеш аз рафтан харида будам, шом хӯрда хобидем.
Субҳи барвақт хеста, омодаи корравӣ шудам, ки падарам боз ҳам:
– Бо мошин ҳамроҳ меравем, - гуфтанд.
– Шумо дирӯз монда шудед, дам гиред, ман бо автобус меравам, - гуфтам, қабул накарданд.
Он рӯз мувофиқи қарори пешакӣ, ки пеш аз рафтан гузошта будам, бояд як фурӯшанда барои мо тахта тайёр мекард ва мо онро кашонда бурда, ба анбори Вазорати сохтмон, ки қарордоди харидуфурӯш доштем, месупурдем. Ман як ёрдамчӣ ҳам доштам, ки корҳои қабули бор, кашондану супоридани онро анҷом медод. Бо фурӯшанда вохӯрда, борро дидему ҳисобӣ карда, ёрдамчиро мондам, ки боркашониро назорат кунад ва аз он ҷо ба Вазорат рафта, бо масъули анборҳояш вохӯрда гуфтам, ки бор аз рӯи қарордод имрӯз ба анборашон кашонда мешавад. Вақте падарам ҳамаи ин корҳоро бо чашми худашон диданд ва ба қонунӣ будани даромади ман бовар карданд, бо табассум гуфтанд:
– Агар ту ин хел кор кардан гирӣ, ҳамаи пули дунёро ҷамъ мекунӣ, баъд, дигарон бечораҳо чӣ кор мекунанд?
Бори аввал дар ин ду рӯзи охир чеҳраи падарам кушода буд ва дар лабонашон табассум сайр мекард. Падари азизи ман, ки ҳама умр дар низоми шӯравӣ кор карда буданд, ба мисли он духтари содаи кӯлобӣ, аз тағйири низом ва алифбои тиҷорат ха бар надоштанд, намедонам дар он ду рӯз то роҳу равиши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё