Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
пулёбии маро донистан, чӣ фикрҳое аз сарашон гузашта буд.
Шояд дар он ду рӯз нон ба сахтӣ аз гулӯяшон гузашта бошад.
Ҷузъиёти тиҷорати маро пайгирӣ кардани падарам дар ёди ман суҳбатҳои тарбиявии худашон ва модарамро дар боби фарқи ҳарому ҳалол бори дигар зинда кард ва сабақ шуд, ки ҳамеша дар кор парҳезкор бошам, инсофро риоя намоям ва саъй кунам, ки ҳаққи касеро нахӯрам.
Ду рӯз падарам меҳмони ман буданд ва вақте ки ман он касро ба деҳа бурдам, «мошинро бар, он ба ту заруртар аст, бе ин ҳам ин ҷо бекор мехобад» гуфта, мошинашонро ба ман туҳфа карданд.
ОБХСС
азорати корҳои дохилии шӯравӣ бахше дошт, ки масъу- Вли мубориза бо сирқати амволи сусиёлистӣ буд ва номи мухтасари онро ба русӣ ОБХСС мегуфтанд. Ин бахш бештар аз болои низоми савдои шӯравӣ назорат мебурд. Кормандони ин бахши милиса савдогарон ё ба ибораи худашон «ҳаннотон»- ро низ шадидан таъқиб мекарданд, балки онҳоро душмани синфии худ меҳисобиданд. Дар низоми шӯравӣ харидуфурӯш барои даромад гирифтан мамнӯъ буд ва ҷиноят ба ҳисоб мерафт. Дар қатори дуздиву сирқату ришва ҳар гуна фаъолияти иқтисодии шаҳрвандонро «даромади ғайримеҳнатӣ» меномиданд ва он шадидан таъқиб мешуд. Касоне, ки маҳсулоти аз замини наздиҳавлигии худ рӯёндаашонро фурӯхтанӣ шаванд, аз мақомоти маҳал тасдиқнома мегирифтанд, ки ин маҳсулот воқеан дар замини наздиҳавлигияшон рӯёнда шудааст ва баъд метавонистанд онро дар бозор бифурӯшанд. Савдо дар Иттиҳоди шӯравӣ асосан аз тариқи низоми давлатӣ амалӣ мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё