Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ вақте ки соҳибкории хусусӣ иҷозат дода шуд, ин бахши милиса Бахши мубориза бо ҷиноёти иқ тисодӣ ном гирифт. Вале кормандони он ҳамон кормандони қаблӣ буданд ва мафкураашон ҳамон мафкураи шӯравӣ буд.
Онҳо тибқи одат, соҳибкоронро хилофкор меҳисобиданд ва ба корашон халал мерасонданд. Зуд-зуд тафтишот мегузаронданд, хурдагирӣ мекарданд, беасос ба аснод эрод мегирифтанд ва вақти соҳибкорро зоеъ мекарданд. Ёд дорам, боре як мошини боркаши моро нигоҳ дошта буданд ва маро барои бозпурсӣ ба Шуъбаи мубориза бо ҷиноёти иқтисодӣ даъват карданд. Вақте ба саволҳои корманди милиса ҷавоб медодам ва аз куҷову ба куҷо рафтани он борро мефаҳмондам, як корманди дигар даромада гузориш дод:
– Рафиқ сардор, рафта хонаашро дидам, як ҳавлии хеле бузург, даромада натавонистам, вале аз роғи дарвоза нигоҳ кар дам, калону навсохта аст. Ин хеле бой метобад, - ва бо сар ба сӯи ман ишора кард. Гап дар бораи ман мерафт.
– Чандошёна аст хонааш? - пурсид сардор.
– Якошёна, вале хеле калон, - ҷавоб дод корманд.
– Мошин ҳам дорад? - боз пурсид сардор.
– Не, дар он ҷо мошин набуд, - ҷавоб дод кормандаш. Ҳамин тавр, бо чанд саволи дигар дороиҳои маро мушаххас карду ба ман нигоҳ карда пурсид:
– Ба ин чӣ мегӯӣ?
– Чӣ гӯям? - ҳайрон шудам ман сарфаҳм нарафта.
– Аз куҷо пул ёфта, хона харидӣ?
– Тиҷорат мекунам, - ҷавоб додам.
– Ҳозир рафта, хоната кофтуков мекунем, - таҳдид кард сардор.
– Чӣ мекобед? - пурсидам ман.
– Баъд мебинӣ! Ҳамаи шумо ҳаннотонро зиндон кардан ло зим! - бо мушт ба миз зад ӯ. «Хайрият, нобуд кардан лозим

пешина
аз 253
навбатӣ