Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
нест» аз дил гузарондам ман. Ин вақт аз дар як нафар бо либоси низомӣ даромад ва сардор аз ҷояш ҷаста хеста, қад кашид ва дасташро ба чаккаи сараш бурда, саломи низомӣ дод.
– Чӣ гап? - омирона пурсид низомӣ.
– Рафиқ сардор, ана ҳаминро қапидем, як мошин борро куҷое бурда, обу лой карданист. Корманди фавриро фиристодам, ҳавлияшро дида омад, хеле калон ва ба даромади як нафар мувофиқ нест, - бо садои бурро гузориш дод сардор. Низомӣ асноди борро аз рӯи миз гирифта аз назар гузаронд ва:
– Ӯро ҷавоб деҳ ва ба назди ман даро, - гуфту аснодро ба дасти сардор дода, баргашта аз дар баромад. Сардор маро ба берун бароварда, «ҳамин ҷо ист», гуфту ба утоқи дигар даромада рафт. Садои низомӣ аз дохили утоқ меомад, ки мегуфт:
– Чанд бор ба ту гуфтам, ки замона иваз шуд, соҳибкорӣ иҷозат дода шудааст, ба хонаи мардум кор нагир?! Аснодаш дуруст аст, борашро чаро нигоҳ доштӣ?! Корро аз ҷиноят фарқ намекунӣ?! Дафъаи дигар ҷазо мегирӣ!
Сардор бо абрӯйи гирифта баромада, аснодро ба дастам доду ангушти ишораташро сӯям теғ карда, даҳонашро накушода, аз байни дандонҳояш ғиҷиррос зад:
– Хоҳ-нохоҳ, як рӯз ба дастам меафтӣ!
«КОРИ ДАВЛАТ»
игар ман, ки соҳиби мошин шудам, зуд-зуд ба дидо-
Дри падару модар мерафтам. Ҳоли мардуми деҳ рӯз аз
рӯз бадтар мешуд. Рафҳои мағозаи деҳ холӣ буданд. Камбуди
шадиди маводи хӯрокӣ ҳукмфармо буд. Мардум, дар замони
шӯравӣ одат карда буданд, ки орду равған ва дигар масолеҳи
мавриди ниёзи аввалия аз сӯи давлат таъмин шавад. Ҳанӯз дарк
накарда буданд, ки низоми иқтисоди шӯравӣ аз кор афтод ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё