Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
дигар набояд ба умеди таъминоти давлатӣ шуд. Маводи ғизоӣ дар бозорҳо каму беш мавҷуд бошад ҳам, на ҳама имкони харидани онро доштанд. Дигар таваррум он қадр боло рафта буд, ки пули аз фурӯши меваи боғҳояшон бадастомада ба ниёзашон кифоят намекард.
Рӯзе модарам дар бораи ҳоли бади хонаводаи хешовандашон холаи Муқаддам ба ман ҳикоят карданд. Аз гапашон маъ лум мешуд, ки набераҳои кампири Муқаддам на ҳар рӯз нони хӯрдан доранд. Ман аз нақли модарам мутаассир шуда, бо па дарам дар ин бора суҳбат кардам. Маълум шуд, ки падарам низ аз вазъи оилаи хола Муқаддам огоҳ будаанд:
– Вақте Муқаддам бо аҳли оилааш нони хӯрдан надорад, хонаи мо серу пур ҳам бошад, чизе аз гулӯ намегузарад, - гуфтанд падар.
Дар давоми суҳбат маълум шуд, ки дар деҳа чунин оилаҳои ниёзманд зиёданд. Ману падарам машварат карда, қарор намудем, ки ба ин оилаҳо кумак бидиҳем. Хурсандии падару модарам ҳадду канор надошт. Ду нафарро масъул кардем ва онҳо дар ҳамкорӣ бо фаъолони деҳ рӯйхати оилаҳои ниёзмандро тартиб доданд, ки тақрибан панҷоҳ оила буд. Баъди тақсим кардани ин кумак, рӯзи дигар ду нафар бо даъво ба хонаи мо омада, ба модарам арз карда буданд, ки писарашон, яъне ман, ёриҳои давлатро аз рӯи инсоф тақсим накардаам. Онҳо фикр мекарданд, ки ман намояндаи давлат ва ёрӣ ҳам аз сӯи давлат бошад. Модари ман ҳам чунин фикр мекарданд ва аз ман хоҳиш мекарданд, ки дар тақсими моли давлат хеле эҳтиёт кунам, то ки ҳам инсофу адолат риоя шавад ва ҳам мардум аз болои ман шикоят накунанд.
Дигар ин барои мо баччаҳо як масъалаи шӯхӣ шуда буд ва ҳар чизеро ба давлат рабт медодем. Масалан, агар модарам хоҳиш кунанд, ки ду-се рӯзе бештар дар деҳ бимонем ва меҳмон бошем, «кори давлат, бояд биравам» гуфта механдидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё