Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ОЧА

ввали солҳои 90 ҳоли мардум дар Душанбе ҳам аз ҳоли Амардуми деҳот бадтар буд. Дар деҳот мардум мазраа доштанд, мол доштанд, ки ҳадди ақалли қутро барояшон медод.
Дар шаҳр бошад, мардум аз ин ҳама маҳрум буданд. Ислоҳоти пайдарпайи пулӣ пасандозҳои мардумро сифр гардонда буд.
Сатҳи таваррум он қадр боло рафта буд, ки маоши моҳонаи одамон ба як халтаи панҷоҳкилоии орд ҳам намерасид. Одамон шабу рӯз дар назди корхонаҳои нонпазӣ навбат мепоиданд. Аз як сӯ ёриҳои башардӯстонаи кишварҳои хориҷӣ, аз сӯи дигар хешовандони деҳотии мардуми шаҳрнишин ҷони онҳоро аз гушнамурӣ халос мекарданд. Вале бо вуҷуди ин, мутаассифона, одамони зиёде аз гушнагӣ мурданд.
Ин қаҳтӣ дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ҳукмрон буд.
Ёд дорам, боре як ҳайати давлатии Иттиҳоди Аврупо аз сафар ба Русия ба сабаби қаҳтӣ худдорӣ карда буд. Онҳо эълон карда буданд, ки намехоҳанд дар тӯли сафарашон маводи ғизоии бе ин ҳам ками Русияро хӯранд ва зомини ризқи мардуми гурусна шаванд. Хонандаи закӣ худ метавонад қазоват кунад, ки агар дар Русия вазъ ин гуна буд, пас дар Тоҷикистони ҷангзада чӣ вазъе метавонист бошад?
Як хешдухтари модарам бо аҳли оилааш дар Душанбе зиндагӣ мекард. Падарарӯси ӯ - Нақиб Саид амаки худаш буд.
Ин мард безуриёт буда, як писарбаччаро аз хонаи ятимон гирифта, тарбия карда будааст. Номи ин писар Фаррух буд. Фаррух наҳифу сиёҳҷурда буда, зоҳиран, ба ҷӯгиҳо монандӣ дошт.
Падархонди Фаррух духтари додари худаш – Ғанӣ Саидро, ки аз тарафи модарияш ба модари ман хешӣ дошт, ба ана ҳамин писархондаш арӯс карда буд. Ин хонумро Оча меноманд. Оча дар лаҳҷаи Панҷрӯд маънои модарро дорад. Модари Оча дар хурдияш фавтида буд ва шояд аз ин сабаб ба ӯ номи мода-

пешина
аз 253
навбатӣ