Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маҳсулоти ин корхонаҳо гуногун буданд ва ҳаҷми кор хеле боло буд. Аз ин сабаб, баъзан аз шиносҳо даъват мекардем, то дар фурӯши ин коло ҳамкорӣ кунанд ва барои худашон ҳам фоида ба даст оранд. Масалан, боре як корхона, ки тавлиди дучархаро ба роҳ монда буд, ба мо ба ивази қарзи барқаш ду вагон дучарха дод, ки тамоми донишҷӯёни шинос дар вақтҳои холияшон тӯли чанд моҳ дар бозорҳо дучарха мефурӯхтанд. Бо ин роҳ ҳам кори мо мечархид, ҳам онҳо пули хубе ба даст меоварданд. Бори дигар як анбор тухми мурғро ба ҳамин минвол гирифта, фурӯхтем. Дар ҳамин асно Абдулҳаким Донишгоҳи пизишкиро тамом карда бошад ҳам, ба касби пизишкӣ машғул нашуд. Он замон пизишкон музди кории ночизе дарёфт мекарданд ва ғайр аз ин, ӯ вазифаи худаш медонист, ки ба ман ёрӣ кунад. Ӯ хоҳиши маро, ки мехостам ба пизишкӣ машғул ша вад, рад карда, бо исрор дар ширкат ба кор оғоз кард ва ба зудӣ барои ман такягоҳ ва шарики хубе шуд.
Гардишҳои калон ба вуҷуд омада бошад ҳам, пули ба даст овардаамон зуд қурбашро гум мекард. Нарх дар бозор ба таври рӯзафзун боло мерафт, таваррум дар моҳ метавонист сад дар сад боло равад. Масалан, агар имрӯз як дона нон 10 сӯм истад, баъд аз як моҳ нархи он 20 сӯм ва ҳатто бештар ҳам мешуд.
Та моми кӯшиши маро ин таваррум ночиз мекард, пули коркардаам баъд аз муддате ба хоки сиёҳ баробар мешуд.
Ин ҷо бояд як масъалаи муҳимро баррасӣ кунам, ки ба ояндаи кишвар таъсири амиқ гузошт. Дар натиҷаи таваррум ва ислоҳоти молӣ маоши кормандон ба мизони хандаовар паст шуд. Нафароне буданд, ки ҳатто маошашон ба чор сомонӣ дар моҳ расида буд. Маоши кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, омӯзгорон ва пизишкон ҳатто ба хӯрду хӯрокашон кифоят намекард. Одамон аз ҳисси миннатдорӣ барои хизматашон ба онҳо ёрӣ мекарданд. Оҳиста-оҳиста ин ёрдамҳо хусусияти ҳамешагӣ ва муназзам гирифта, ришваро дар ин соҳаҳо бунёдӣ кард.

пешина
аз 253
навбатӣ