Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маоши кормандони мақомоти қудратӣ низ аз маоши кормандони иҷтимоӣ бештар набуд. Онҳо қудрати дар дасташон бударо ҳамчун абзор истифода карда, аз мардум ришва ё пора меситонданд. Чун кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти қудратӣ аксари дастандаркоронро ташкил мекарданд, падидаи фасод дар ҷомеа роиҷ гашт, як чизи маъмулӣ шуд ва имрӯзҳо ришва надодан ғайриодӣ менамояд. Ин ҷо хонандаи борикбин ҳатман ба ёди матлаби роиҷ шудани ҳаромхӯрӣ дар ҷомеа меафтад. Бале, барои фасод дар афкори ҷомеа бистари муносиб густурда шуда буд. Мутаассифона, ин падидаи барои кишвар хатарнок ниҳодина шуда, доғе дар пешонии кишвар ва монеаи бузурге дар роҳи рушди он шудааст.
Дар робита бо фасодзадагии ин соҳаҳо тазоди аҷибе ҷой афтодааст. Маоши кормандони онҳо ҳоло ҳам хеле боло нест.
Вале ба ин нигоҳ накарда, барои дохил шудан ба риштаҳои ин соҳаҳо дар донишгоҳҳо рақобат сахт аст. Донишҷӯён медонанд, ки баъд аз хатми донишгоҳ маоши расмияшон ба рӯзгузаронӣ кифоят намекунад ва аз қабл ба умеди ришваву пораанд. Яъне ин падидаи нангин ҷузъи афкори умумӣ шуда, дигар касе на аз додан ва на аз гирифтани пора шарм намекунад.
Дар ин муддат давлат се маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронд.
Бо ри аввал аз пули шӯравӣ ба рубли русӣ, бори дувум аз рубли русӣ ба рубли тоҷикӣ ва дар ниҳоят аз рубли тоҷикӣ ба сомонӣ гузаштем. Ҳар як аз ин ислоҳот ба кори мо зарба мезад. Дигар ба маҳзи ба даст омадани пул, онро ба арзи хориҷӣ, хона, мошин ва ғайра табдил медодам, вале ҳамон ҳам на ҳамеша муяссар мешуд. Доим сари он меандешидам, ки чӣ гуна гардишро бо арз ба роҳ монам, то ки аз ин таваррум халос шавам.
Як рӯз ҳамкурсам Комронро вохӯрдам ва чун гуфт, ки дар шир кати пахтафурӯшии он замон маъруфи «Зафаробод» кор мекунад, ман зуд ба ӯ пешниҳоди ҳамкорӣ додам.

пешина
аз 253
навбатӣ