Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
хо риҷиҳоро ба бор оварданаш, дарсади бонкии қарзро хеле зиёд ба сари мову колхозҳо бор кард.
Фоизи ин қарз дар қарордод солона 25% навишта шуда бошад ҳам, дар асл то ба 40% рафта мерасид. Тарҳи қарордод байни бонки «Кредит Свис» ва Бонки миллӣ мувофиқа шуда буд ва мо ин қарордодҳоро бо суди солонаи 25% розӣ шуда, имзо карда будем, вале баъд маълум шуд, ки он коса зери нимкоса доштааст. Суди қарз охири моҳ баровард карда шуда, ба танаи аслии қарз зам карда мешуд, ки моҳи дигар аз он ҳам суд мерӯид. Ғайр аз ин, пардохтҳои пинҳонии дигаре ҳам буд, ки доим ба танаи қарз изофа шуда, суд зоида, фоизи ниҳоиро пешгӯинашаванда мекард. Воқеан, касе, ки ин тарҳро рехта буд, корномаи Қорӣ Ишкамбаи устод Айниро хеле бодиққат хонда буд ва беибо он ҳама найранги устод накӯҳидаро барои худ дастурамал қарор дода буд. Дар робита бо ин судситонии боло, иттифоқи ҷолибе афтода буд, ки ҳикояташро меорам.
Соле чанд бор дар Бонки миллӣ ва «Агроинвестбонк» бо иштироки намояндаҳои бонки «Кредит Свис» ҷаласа баргузор мешуд ва мо дар ин ҷаласаҳо масъалаҳои худро матраҳ ва ҳал мекардем. Чандин бор мо аз намояндаи ин бонк хоҳиш кардем, ки масъ алаи фоизи баланди қарз ва фоида зоидани суди ҳармоҳаро баррасӣ кунад, зеро ин фоизҳо он қадр баланд буданд, ки аз қабл муайян буд, ки ҳар қадр пахта ҳам бирӯяд, чизе дар кишвар намемонад, балки хоҷагиҳову ширкатҳои маҳаллӣ боз ҳам қарздор мемонанд. Алекс – намояндаи бонки «Кредит Свис» доим аз хатар гап мезад ва исбот карданӣ мешуд, ки ҳатто бо ин фоизҳо ҳеч бонке омода нест ба Тоҷикистон маблағгузорӣ кунад.
Муовини раиси «Агроинвестбонк» Горяшенко гуфтанӣ марде буд. Дар як ҷаласае, ки боз гап сари ҳамин вазнинии фоизҳо рафт, ӯ латифаеро нақл кард: «Рӯзе як рус ба назди яҳудӣ рафта, хоҳиш мекунад, ки ба ӯ як сӯм қарз диҳад. Яҳудӣ мепурсад, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё