Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба кафолат чӣ мегузорӣ? Рус мегӯяд, ки ҳеч чиз надорам. Яҳудӣ мегӯяд, табари дастат чӣ? Рус розӣ шуда, табарашро кафолат мегузорад. Яҳудӣ мегӯяд, як сӯм медиҳам, баъд аз як сол ду сӯм карда бармегардонӣ. Марди рус розӣ мешавад ва як сӯмро гирифта, рафтанӣ мешавад, ки яҳудӣ мегӯяд, ту ба ман баъди як сол бояд ду сӯм бидиҳӣ, ҳозир як сӯм дорӣ, онро бидеҳ, як сӯми дигарро ёфтанат осонтар мешавад. Марди рус фикр мекунад, ки воқеан, ин ҳарфи мантиқист ва як сӯмро дода, аз назди яҳудӣ мебарояд ва ба худ мегӯяд, чӣ ҷолиб! Табар ҳам нест, пул ҳам нест, боз як сӯми дигар қарздор ҳам шудам, вале мис ли ин ки ҳамааш дуруст аст».
Намояндаи бонки «Кредит Свис» то гӯшҳояш сурх шуд.
Соли дигар – соли севум, гирифтани фоиз аз фоизро бас кард.
Дар забони русӣ мақоле ҳаст, ки мегӯяд: «Бадбахтӣ танҳо на меояд». Он сол нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба гунаи бесобиқа поён рафт ва мо пахтаро ба ҷои 1000 бо қиммати 550

  • 600 долларӣ фурӯхтем. Дар натиҷаи ин се омил, он сол мо ҳамагӣ 20-30% қарзро гардонида тавонистему халос.
    Раисони хоҷагиҳо ғайр аз кишти пахта зироатҳои дигар ҳам кишт мекарданд ва он зироатҳоро касе маблағгузорӣ намекард. Аз ин сабаб, онҳо аз ҳамин маблағгузорие, ки барои пахта пеш бинӣ шуда буд, ба харҷи дигар зироатҳо низ сарф мекарданд. Ва ҳамеша барои маблағи бештар ниёз доштанд. Камбуди маблағгузорӣ боиси коста гардидан дар текнолоҷии парвариши пахта гашта, ба кам шудани ҳосил оварда мерасонд.
    Ман, ки зуд-зуд аз хоҷагиҳо дидан мекардам, камбудиҳои он ҳоро дида, маҷбур мешудам аз ҳисоби худам маблағҳои илова гӣ бидиҳам. Ҳамин тавр, ором-ором ман тамоми сармояи андӯхтаамро ҳам ба хоҷагиҳо додам, ки дар рӯи хоҷагиҳо қарз шуда монд ва дар натиҷа ман тамоми сармояи худамро ба чоҳи бетаге андохта, дар илова аз бонк ҳам қарздор шудам. Хулоса, тибқи мақоли халқӣ:
пешина
аз 253
навбатӣ