Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бе дарди саре нишаста будам,
Пул додаму дарди сар харидам.

Ман дар ҳолати гаравгон мондам. На ҷои ақибгардӣ доштам ва на дар идомаи кор чашмандози хубе медидам. Ба пуррагӣ ба ин қарордод вобаста будам. Агар аз ин маблағгузории асиркунанда даст кашам, сармояи тӯли солҳо ба заҳмат андӯхтаамро, ки дар ин кор сарф карда будам, аз даст медодам ва ғайр аз ин, қарздор ҳам мемондам ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданам мумкин буд. Дар як ҳолати баде монда будам. Ман, ки ҳамеша дар тасмимгириҳо озод будам, акнун озодии худро аз даст дода будам, нафасгир будам. Соли дувум нархи нахи пахта каме беҳтар шуда бошад, ҳам ба дараҷаи дилхоҳ нарасид. Вале, зарбаи соли гузашта маро ба ҳуш оварда буд. Медонистам, ки охири ин роҳ ба нобудӣ аст. Масъули баргардондани пулҳо фақат ва фақат худам будам.
Раисони колхозҳои пешқадамро ҷамъ карда, бо онҳо мас лиҳат кардам, ки сарфакорона маблағгузорӣ карда, ҳосилнокиро боло мебарем. Аз ҳамкорӣ бо колхозҳои ақибмонда, ки раисонаш бештар паи даромади муфт ба ҷайби шахсиашон буданд, даст кашидам. Назоратро пурзӯр карда, бо маблағгузории хеле камтар ҳосили бештар ба даст овардем. Акнун, бояд пеш аз ҳама, аз он қарзи ғуломкунанда халос мешудам.
Роҳбарони ширкати «Данавант» зуд-зуд омада меистоданд ва «мазраа»-ҳову «барда»-ҳои худро хабар мегирифтанд. Ман ҳам яке аз ин бардаҳо будам, ки гӯё қамчин дар даст аз номи он ҳо ва барои онҳо кор мекардам. Вақте ба хоҷагиҳо сафар ме кардам ва ҳоли зори мардумро медидам, дилреш мешудам, вале чора надоштам, қарордодро бояд иҷро мекардам.

пешина
аз 253
навбатӣ