Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ме шуданд. Ман ҳам ҳар вақт ки аз Тоҷикистон занг мезадам, ҳат ман аз сагу гурбаҳояш мепурсидам.
Мардуми кишвари мо ва умуман, мардумони кишварҳои ҷаҳони ба истилоҳ, дувуму севум орзу мекунанд, ки дар кишвар ҳои ғарбӣ зиндагӣ кунанд. Ҷузъиёти зиндагии онҳоро надониста, фикр мекунанд, ки дар ғарб ҳама сӯ ҷӯйҳои шир равон аст. Рифоҳи мардуми кишварҳои ғарбӣ маҳсули талоши сокинонаш будааст, ки агар мо ҳам миён бандем, зиндагиамонро бо назму тартиб хуб ташкил карда метавонем. Вале тавре зикраш рафт, зиндагии одамон дар олами сармоя мушкилоти хоси худашро дорад.
Бори аввал вақте ки ман ба Амрико рафтам, Ҷон мизбони ман буд. Ман дар иди «Рӯзи сипос» (Thanksgiving) ба хонаи ӯ меҳмон ҳам шуда будам. Ӯ маро аз меҳмонхона бо мошини модели «Ренҷ Ровер»-и гаронқимати худ гирифта, ба хонааш бурд. Хонааш дар дохили ҷангал дар ҷои хушобуҳавое хеле боҳашамат сохта шуда буд. Ӯ дар назди хонааш тавила ё истабле ҳам дошт, ки дар он чанд сар аспро нигаҳдорӣ мекард.
Ҷон ва Ҷени дар назари аввал барои худашон як ҳаёти ормоние ташкил карда буданд, вале тавре ки баъд маълум шуд, он ҳама шукӯҳу ҷалолро бо вомҳо сохта будааст. Мутаассифона, Ҷон дар охири ҳаёташ ба маризии сахте – саратони сурхрӯда мубтало ва бознишаста шуд. Ману Абдулҳаким ба аёдати ӯ рафтем. Ӯ моро бо мошини хурди хонумаш пешвоз гирифт. Мошинашро пас аз бознишаста шудан бонк гирифта буд. Хонаашро низ барои пардохти воми маскан ба фурӯш гузошта буданд. Аз он зиндагии ормонӣ санге рӯи санг намонда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё