Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

АСАДУЛЛО

ар робита бо Асадулло воқеаи ҷолибе иттифоқ афто да Дбуд. Чунон ки пештар гуфтам, солҳои аввали ба тиҷо рати пахта машғул шуданам, мо ҳар сол ба Ӯзбакистон ба конфронси пахта даъват мешудем. Ҳукумати он кишвар ҳар сол дар аввали мавсими пахтачинӣ, моҳи сентябр як конфронс ташкил карда, тамоми ширкатҳои пахтаро даъват мекард ва дар давоми чанд рӯз тамоми дастовардҳояшро нишон дода, бо истифода аз фурсат қарордодҳои фурӯши пахтаро бо харидорони хориҷӣ мебаст. Ин конфронс ба навъе оғози фурӯши ҳосили нави пахтаи онҳоро эълон мекард. Солҳои аввал мо ба Тошканд бе раводид мерафтем, вале баъд аз соли 2000-ум ҳукумати кишвари ҳамсоя раводид ҷорӣ кард.
Он сол мо мехостем дар ин конфронс ширкат карда, қарор дод бандем ва як миқдор пахтаи маҳиннах бихарем. Аз Асадулло хоҳиш кардем, ки аз Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ӯзбакистон, ки ӯ дар он ҷо кор мекард, ба мо даъватнома фиристад. Ин кор бо душворӣ ба ӯ муяссар шуд. Фиристодани даъватнома дуру дароз кашол ёфт. Мо як моҳ қабл аз саршавии конфронс иқдом карда бошем ҳам, ҳамагӣ 5-6 рӯз пеш ба мо даъватнома омад ва ниҳоят мо раводид гирифта ба Тошканд рафтем. Вақте ба Тошканд расидем, Асадулло моро пешвоз гирифт ва қазияро нақл кард.
Ӯ баробари дархости мо, ба шуъбаи робита бо хориҷаи ва зорат нома навишта хоҳиш кардааст, ки даъватномаро ба са форати Ӯзбакистон дар Душанбе ирсол кунанд. Онҳо кашолкориву баҳонаҷӯӣ карда, корро иҷро накардаанд. Вақте Асадулло мебинад, ки вақт кам мондааст, ба назди мудири он шуъба рафта мепурсад, ки сабаби кашолкорӣ чист. Мудири шуъба, ки хонум будааст, забон хоида мегӯяд, ки меҳмонҳои

пешина
аз 253
навбатӣ