Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он сол ман хостам аз Ӯзбакистон, ки ин навъро ба ҳаҷми боло тавлид мекард, як ҳазор тон бихарам. Бо ҳамин мақсад ба Тош канд рафта будам. Аз чанд нафар кормандони ширкатҳои со диротӣ хоҳиш кардам, ки пешниҳод бидиҳанд, вале онҳо забонхоӣ мекарданду мегуфтанд, ки ин навъи пахта дар номгӯи пешниҳодашон нест. Ба саволҳои «чаро»-и ман китф дарҳам ме кашиданду ҷавобе намедоданд. Кунҷковиям боло гирифта, таҳпурсӣ кардам ва маълум шуд, ки фурӯши ин навъи пурдаромади пахта инҳисори духтари Раиси ҷумҳур Гулнора Каримова будааст, дар ҳоле ки фурӯши пахта дар ин кишвар давлатӣ буд.

ХУСУСИГАРДОНӢ

аъд аз пошхӯрии Шӯравӣ хусусигардонии милк ва кор- Бхо наҳо шурӯъ шуд. Дар Тоҷикистон ин маърака баъд аз оштии миллӣ ривоҷ гирифт. Корхонаҳо аз тариқи музоядаҳо ба фурӯш бароварда мешуданд. Созмонҳои байналмилалии молӣ ба ҳукумат фишор меоварданд, ки ҳарчи зудтар корхонаву муассисаҳои давлатиро бифурӯшад ва моликияти хусусиро ривоҷ диҳад. Ва аксаран ин хусусигардониҳо саросема ва бе барномарезии лозима анҷом мешуд, ки натиҷаи дилхоҳро надод.
Ҳукумати шӯравӣ занҷираи қавии тавлиду истеҳсолотро бо харҷҳои сангин тӯли солҳои дароз сохта буд. Албатта, фаъ ол нигоҳ доштани ҳамаи он аз имкон хориҷ буд, вале аксари онҳо ро бо тағйири масири фаъолият мешуд зинда нигоҳ дошт ва кор фармуд.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ ин ислоҳот қадам ба қадам роҳан дозӣ мешуд. Сараввал корхонаҳои пахтатозакунӣ ба фурӯш гузошта шуданд. Барномаи хусусигардонии соҳаи кишоварзӣ ва корхонаҳои пахтатозакунӣ зери назари Бонки ҷаҳонӣ ва намояндагони он амалӣ мешуд. Дар замони шӯравӣ тақрибан,

пешина
аз 253
навбатӣ