Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ҳар ноҳияи пахтакори Тоҷикистон як корхонаи пахтатозакунӣ дошт. Ҳамин корхонаҳо аз тариқи музояда ба фурӯш гузошта шуданд. Дар раванди ин маърака шоҳиди ҳодисаҳои аҷибе шудам.
Мо бо сармоягузорони хориҷӣ маслиҳат карда, онҳоро розӣ кунондем, ки бо сармоягузории муштарак ду корхонаи пахта то закуниро бихарем. Ширкати мо он замон дар ноҳияҳои Шаҳ ритусу Қубодиён ба хоҷагиҳои пахтакор маблағгузорӣ мекард. Мо бовар доштем, ки дар ҳоли харидани корхонаҳои пахта тозакунии ин ду ноҳия, масъалаҳои зиёд ҳалли худро меёбанд. Аввалин имтиёзе, ки ин корхонаҳо медоданд, ин буд, ки тамоми пахтаи ҷамъоваришудаи ноҳия ба анбори корхонаи пах татозакунӣ ворид шуда, ҳамчун кафолати баргардонидани маб лағгузории хориҷӣ хизмат мекард. Дар ин ҳол хатари барна гаштани сармоя коҳиш меёфт ва хориҷиён метавонистанд ба хоҷагиҳо қарзҳои дарозмуддат ва бо имтиёз диҳанд, ки ба рушди соҳа мусоидат мекард.
Ман боре, ин андешаи худро ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молӣ арз карда, пешниҳод кар дам, ки корхонаҳои пахтатозакунӣ фақат бо ҳамин шарт, яъне кафолати маблағгузории соҳаи пахтакорӣ аз сӯи соҳибони нави ин корхонаҳо фурӯхта шаванд, вале онҳо ба ин ҳатто аҳаммият надоданд. Ва вақте ман эътироз кардам, ки ин низоми ба заҳмати зиёд ва харҷи миллиардӣ сохташуда аз кор хоҳад уфтод, роҳбари он ҳайат «боиси таассуф хоҳад буд», гуфт. Нобуд шудани як соҳаи муҳимтарини хоҷагии халқи кишвари ман, барояш ҳамагӣ «боиси таассуф» буд, на беш аз ин!
Мо ба музояда пешниҳоди хариди ин ду корхонаро ба маблағи ду миллиону дусад ҳазор доллар додем. Нархе, ки мо пешни ҳод кардем, баландтарин нарх дар музояда буд. То ин вақт ҳеч корхонаи пахтатозакунӣ ба ин нарх фурӯхта нашуда буд.
Ин муомила, аз як сӯ, маблағи калоне ба буҷаи давлат ворид

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё