Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо оромона баромада рафтем. Ман дар давоми ду соле, ки молики он корхона будам, аз дахолати мақомот ва дуздиҳое, ки дар он ҷо мешуд, ба дод омада, охир он корхонаро фурӯхта, халос шудам.

ГАРАВГОНГИРӢ

анги шаҳрвандӣ тақрибан шаш моҳ ба таври задухӯрди Ҷрӯёрӯй дар дохили кишвар амал карда бошад ҳам, аз соли 1992 то аввали солҳои 2000-ум аҳолии кишвар дар ҳоли муҳосира зиндагӣ мекарданд. То баргаштани мухолифон аз Афғонистон як зумра фармондеҳон бедодгарӣ мекарданд. Баъд аз оштии миллӣ ва имзои Созишномаи сулҳ, ҷангиёни мухолифон низ ба кишвар ворид шуда, авҷи бедодгариро ба фалак расонданд.
Шабе ногаҳон хабар расид, ки Абдулҳакимро рабудаанд.
Ман зуд ба ҷои воқеа расидам, ки мошинаш гирон дар да ромадгоҳи гаражаш бо дарҳои кушод истода буд ва аз худаш нишоне набуд. Милиса ҳам расида омад, ҳамаро пурсида санад тартиб дод.
Ин воқеа соли 1999 рӯй дода буд. Он замон ҷангиёни мухолифон аз Афғонистон баргашта, ҳамроҳашон гаравгонгирӣ, террор ва дигар касофаткориҳои дар мактабҳои Покистону Афғонистон омӯзиш дидаашонро оварда буданд. Тахмин мекардам, ки ӯро гаравгон гирифтаанд. Вале мутмаин набудам, дилам ба сад кӯчаву тангкӯча мерафт. Чӣ фикрҳое аз сар намегузашт. Ба ҳавлӣ омадам, ки ҳама ҳамкорону хешу таборон хабар ёфта, ҷамъ омадаанд. Ҳама ба ман нигоҳ мекарданд, интизор буданд, ки ман чӣ мегӯям. Дидани қиёфаи хоҳарбузургам, ки хеле коҳида буду чашмонаш аз гиря варам карда буданд, бароям сангин буд. Ман ӯро хеле дӯст медорам. Хеле зиёд! Фақат ӯро

пешина
аз 253
навбатӣ