Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
– Ман ҳақи туро додам, - садоям гирифта баромад.
– Тту... Ччӣ? Кадом ҳақ?! Ба кӣ додӣ?! - телба шуд ӯ.
– Худат медонӣ, - гуфта будам, ки ӯ давоми гапамро бурида, ба зердастонаш дод зад:
– Бирен ай ин ҷо!
Онҳо утоқро холӣ карданд.
– Ба кӣ додӣ? - оромтар пурсид аз ман. Ба кӣ ва чӣ қадр пул доданамро гуфтам.
– Меравӣ, ҳамонро ёфта ҳамроҳат меорӣ, бинем пула куҷо кардаст, - гуфт ӯ ба хаёл рафта.
– Ман медонам куҷо кард, - ҷавоб додам ман.
– Куҷо кард? - пурсид ӯ.
– Ба оилаат дод, рӯзи Рига рафтанаш, - ман дигар на хоҳиши инашро дидан доштам ва на онашро. Дар кашмакашу даъвои онҳо ширкат кардан ҳам намехостам. Бояд ҳамин ҳозир ҳал кунам ва дигар рӯи инҳоро набинам. Далели ман қонеъкунанда буд, магар, ки ӯ оҳанги гапашро комилан тағйир дод.
– Ай ҳамин рӯз эътиборан, барои худут «зелений свет», ина ҳамиҷа биё, мора хабар бигир, дига бихур бигард, сақата ғам на боша. Касе ғамут дод, мара гап зан. Фақат барои он ки касе ғамут ната, ҳамин як баччаи мара дар завод раис мон, корот хуб мешава, - ниҳоят сари мақсад омад, мехост одами худашро ба тими ман ворид карда, маро ба боҷдиҳандаи доимӣ табдил диҳад.
– Ман шарикони хориҷӣ дорам, онҳо розӣ намешаванд, - ҷавоб додам ман. Ин ҷавобамро ҳам рад накарда қабул кард.
Пас аз ин, ҳарфҳои зиёд дар бораи ҳамкорӣ гуфту ба ман пушти бонӣ пешниҳод кард ва моро бароварда, дар назди зердастонаш эълон кард:
– Ай ҳамин рӯз ино баччаҳои худмонанд, ҳеч кас чақашон нашава!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё