Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
– Бачои ма мебдан мошиншам миёвардан, мо ҳоли итариша надорем, мода даркорай, - чашмони Пакана барқ пошид ва заҳр хандае карду - хай, ма ису усура мепурсум, ёфтум гавтон мезанум, - гуфт.
Мо аз назди Раҳмон Ҳитлер баргашта, ба ноҳияи Ваҳдат роҳ пеш гирифтем. Ҳолдонҳо ба мо гуфта буданд, ки яке аз хун хор тарин силоҳбадастони ғайриқонунӣ Малиш номе дар роҳ заниву бедодгарӣ шуҳрат дорад. Мо қарор карда будем, ки якто-якто ҳар кадоми он роҳзанҳоро бибинем. Бояд Малишро пай до мекардем.
Роҳро чанд ҷой ғавчӯб гузошта, нигоҳбонӣ мекарданд. Дар ин назоратгоҳҳо вақте мефаҳмиданд, ки мо ба суроғи Малиш равонем, фавран иҷозат медоданд, ки гузарем. Мисли ин ки Малиш дар ин ҷо хеле маъруфу бонуфуз буд.
Ногоҳ аз қафо як мошин басуръат омада, аз мо гузашт ва пеши роҳи моро баст. Аз дохили он як ҷавони низомипӯши мусаллаҳ фуромада сӯи мо омад. Мо ҳам пиёда шудем.
– Шумо ба ман кор доштен? - зоҳиран, ин Малиш буд. Ин як ҷавони 20-22-солаи хеле наҳиф буд. Бовари кас намеомад, ки ин ҳамон Малиши қотил бошад, ки корномааш хеле машҳур буд.
Зокирҷон фаҳмонд, ки мо кӣ ҳастем ва чаро ӯро суроғ мекунем.
– Ма и корода кор надорум, мада бген кира куштан даркорай, пулша бтен, мекушумуш. Ма адиночкаюм (танҳогард), - ҳарисона моро аз назар мегузаронд Малиш.
Ин ҷо ҳам мо хабаре аз бародар наёфтем. Рӯзи дувум ҳам ҳамин тавр ба кофтуков машғул будем, вақте бегоҳ ба ҳавлӣ баргаштем, маълум шуд, ки касе ба падару модарам хабар бур да, ки бо ман ҳодисае рух додааст ва онҳо хеле нигаронанд.
Хушбахтона, онҳо мехостанд садои маро шунаванд. Агар садои Абдулҳакимро мехостанд, чӣ кор мекардам? Вақте садои маро аз гӯшӣ шуниданд, боварашон намеомад. Модарам дуои нек мекарданд, ки хоре ба поям нахаладу худованд пеши роҳамро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё