Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кушояд, ки воқеан, ин фотиҳаи модар барои ман хеле саривақтӣ ва зарур буд.
Рӯзи чоруми кофтуков мо дар роҳ як хешованди Исмоил – Саидбекро вохӯрдем. Саидбек корманди милисаи роҳ буд. Вақте аз ҳодиса огоҳ шуд, ӯ ба мо пешниҳод кард, ки Командирро бу бинем. Гӯё ноҳияи Ваҳдат пур аз командиру ҳитлеру қотил буд. Бо роҳнамоии ӯ мо ба қисми низомии мухолифон, ки чанде пеш аз Афғонистон баргашта ва дар дараи Ромит ҷойгир буд, рафтем. Нигаҳбони дарвоза роҳбалади моро мешинохт магар, ки иҷозат дод ва мо ворид шудем. Ин як осоишгоҳе буд, ки мис лаш дар замони шӯравӣ дар дараи Ромит зиёд буд. Ҳавлии бузурге дошт, ки дар он чанд низомӣ гаштугузор мекарданд ва як нафар бо либоси мулкӣ панҷоҳ-шаст қадам дуртар аз мо, тасбеҳ дар даст, қадам мезад.
– Ҳазрат, - ба сӯи ӯ ишора карда, гуфт роҳбалади мо. Ман гиҷ шудам:
– Командир куҷост?
– Ҷое, ки ҳазрат ҳаст, командир чӣ даркор! - ва раҳораҳ тавзеҳ дод: - ин фармондеҳи баталиони биступанҷум, ҳазрати Муҳаммадӣ, командир сардори ситодаш Намоз. Бахтатон омад кард, ҳазратро ҳамаи фармондеҳони мухолиф ҳурмат мекунанд, ҳозир аз худаш ёрӣ хоҳиш мекунем. Мо пасиҳам ба сӯи ҳазрат равон шудем.
Як нафар аз низомиён зуд роҳ гашта, худашро ба роҳбалади мо расонд ва салом карда, ҳол пурсид.
– Намоз командир, ҳамин бародарон як бародарашонро гум кардаанд, омадем бинем, барои ёфтанаш ёрдам карда метавонем, - гуфт Саидбек. Зоҳиран, ин ҳамон командире буд, ки мо ба суроғаш омада будем.
– Ному фамилияаш чист? - пурсид командир, мисли ин ки инҳо ҳама зиндонҳои гаравгонон доштанд ва рӯйхати номҳои он ҳоро ҳам азёд медонистанд.

пешина
аз 253
навбатӣ