Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шинро нигоҳ доштам, мадор надоштам поин шавам. Мағзам оҳиста-оҳиста бедор мешуд.
Якбора барқвор фикре ба сарам зад – амният! Онҳо аз паси ман назорат доштанд! Ман ҷойро барояшон муайян кардам, онҳо кори худашонро карданд. Амалиёт гузаронданд, чи тавре ки дар филмҳо нишон медиҳанд. Амалиёт! Накунад, ӯро захмӣ карда бошанд?
Ин фикр тамоми қувватамро баргардонд. Барқвор аз мошин фуромада, давида аз байни дӯстону ҳамкорон гузашта, ба хона даромадам. Абдулҳаким аз хона баромада бо фиғон худашро ба гарданам андохт. Оғӯш гирифтам ва зуд аз худ дур карда, дар андомаш осори хунро ҷустам. Осоре набуд.
Сӯи Исмоил баргаштам:
– Куҷоянд милисаҳо? Ӯ ба дари утоқ ишора кард. Худро ба даст гирифта, ба утоқ даромадам. Ду нафар сари дастархон ни шаста буданд. Салом карда нишастам.
– Аз куҷо овардед? Кӣ озод кард, КГБ? - савол додам ба ми лисаҳо.
– Не, аз ҳафтум километр, аз пост, - гуфт яке аз милисаҳо тааҷ ҷубомез.
– Амалиёт чӣ шуд, чаро худашон наоварданд? - намефаҳмидам ман. Қиёфаам мантиқӣ набуд магар, ки яке аз милисаҳо, «Хайр, мо меравем» гуфта, аз ҷояш хест. Ба онҳо шодиёна дода, то дами дар гусел карда, ба утоқи кунҷакӣ назди Абдулҳаким даромадам. Вақте ки дарро кушодам, ӯ сарашро хам карда рӯяш ро ба девор гардонд.
– Кӣ туро озод кард? - пурсидам ман.
Садои маро шунида, сарашро ҳамон тур хам ба сӯи ман гардонд ва якбора бархеста, худашро ба оғӯшам партофт ва:
– Маро аз ин ҷо бар, ҳамин ҳозир бар! Рафтем, рафтем! - гуфта, бо садои ашколуду тарсу ҳаяҷон маро сӯи дар тела медод.

пешина
аз 253
навбатӣ