Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Майлаш, майлаш, меравем. Куҷо мехоҳӣ барам? - телба шудам ман.
– Куҷое барӣ, бар! Фақат аз ин ҷо бар! - сахт тарс дошт ӯ.
Бале, бояд равем, пеши падару модар, ба Панҷрӯд меравем, қарор кардам ба худам.
Ба даҳлез баромадам ва:
– Меравем! - гуфтам. Ҳама ба берун баромадем. Аз хона, ки баромадем, Абдулҳаким аз дастам сахт дошта, дуқат шуда са рашро хам карда мерафт. Якбора хун ба сарам зад. Баччаи бе чора, ки ин ҳама рӯз бандӣ буд, ҳанӯз ҳам бо он одату тарс ҳаракат мекард. Оғӯш карда:
– Натарс, дигар ҳеч кас ба ту осеб расонда наметавонад. Ту озодӣ! - гуфтам.
Ӯ боз ҳам:
– Рафтем, рафтем! - гуфта аз дастам мекашид.
Пеши мошин расида будем, ки даррав ба нишастгоҳи ақиби мошин даромада, дари даромадаашро қуфл карда сарашро хам карда нишаст. Хоҳарам ҳам ба мошин назди ӯ нишаст.
– Баччаҳо, Исмоил, Зокир аз паси ман ҳай кунед, ҳама савор шаванд, - фармон дода, ба мошин нишастам ва ҳай кардам.
То аз шаҳр баромадан Абдулҳаким ба саволҳо ҷавоб намедод. Фақат:
– Зудтар, зудтар ҳай кун, - мегуфт.
Вақте ки ба дараи Варзоб даромадем, ӯ қадре оромиш пайдо кард. Ва ба саволҳо ҷавоб додан сар кард.
– Кӣ туро озод кард? - ҳеч наметавонистам ин муамморо ҳал кунам.
– Ман гурехтам! - ҷавоб дод ӯ.
Ман лол шудам. Аз ӯ ман ин қаҳрамониро ҳаргиз интизор надоштам. Ӯ, ки бародари хурдии ман буд, ҳанӯз ҳам дар назари ман тифл метофт. Пай набурда будам, ки ӯ ҷавонмарди комил шудааст!

пешина
аз 253
навбатӣ