Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва сар кард ба ҳикоят кардан. Ҳикоятҳояш паҳну парешон ва беназм буданд. Ҷойҳои ноқисашро ман савол дода, дақиқ мекардам.
Аз нақлаш бармеомад, ки ӯро се нафар аз мошин берун кашида, бо дастаи туфанг ба сараш зада, ба нишастгоҳи ақиби мошин тиққонда, ба болояш нишаста, бо суръат рондаанд. Баъд аз муддате дар ҳавлие истода, ба сараш латтаеро печонда, аз мошин фароварда, ба як хона дароварда, аз дасташ ба лӯлаи оҳанӣ бо дастбанд баста мондаанд. Рӯзи дигар боз ба ҳамон минвол ба мошин бор карда, роҳи дуру дарозеро тай карда, ба ҷое расонда, ба як гурӯҳи дигар супурдаанд. Байни худашон суҳбат мекардаанд, ки гӯё ӯро ба Шаҳртус мебаранд. Гурӯҳи нав боз бо ҳамин минвол муддати дароз мошин ронда, ба як ҷое оварда, дар як сохтмони пампи об дароварда, аз пояш бо зан ҷири як-якунимметра ба оҳани дар девор насбшуда баста мондаанд. Рӯзе се бор даромада, хабар мегирифтаанд ва хӯрок медодаанд. Пеш аз даромадан дарро зада, фармон медодаанд то рӯболо хобида, чашмонашро баста, сарашро ба сӯи девор гардонад. Сабабҳои ҳаракоти ғайриодии ӯ дар ҳавлӣ ба ман ошкор мешуд. Пас аз баромадан садо дода, кушодани чашмонашро иҷозат медодаанд. Фақат шабона, он ҳам бо чашмони баста, сарашро хам карда, барои қазои ҳоҷат ба берун мебаровардаанд.
Рӯзи дувум як нафар даромада, лат кардааст, ки акаат хап намешинад, такудав дорад, ба мақомот арз кардаву кофтуков мекунад. Он рӯз он нафар дар бораи кору бори ширкати мо саволҳои зиёд додааст. Ба гуфти Абдулҳаким, ӯ худаш дар бораи кору бори мо огоҳии комил доштааст, фақат барои мутмаин шудан саволҳо медодааст, зеро «Дар он ноҳия бо кӣ кор мекунед?», «Аз он хоҷагӣ чӣ қадр пахта мегиред?» ва ғайра гуфта мепурсидааст.
Вале такрор ба такрор ба ӯ мегуфтаанд, ки ба зудӣ акаат туро халос мекунад. Ҳатто шӯхӣ мекардаанд, ки аз хӯрданӣ

пешина
аз 253
навбатӣ