Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Фуромада, тахтро ҷои худаш гузошта, бандро ба поям дароварда, мунтазир шудам. Вақте нигаҳбон омад ва пурсид, ки чӣ мехоҳам, хомшӯрбо ва оби якунимлитра хоҳиш кардам ва барои шубҳа эҷод накардан китоб ҳам пурсидам. «Ин қадар хом шӯрбо дӯст медорӣ?» гуфту рафта овард. Ман дигар ҳам об доштаму ҳам чарб.
Шабҳо кор мекардам. Поямро чарб карда, занҷирро мебаровардаму боло рафта, обро ба лой мерехтам, мулоим мешуд, мекандам. Лойҳои кандаамро ба варақҳои китоб печонда ба кисаам меандохтам ва вақте ки поён меомадам, онҳоро дар зери тӯдаи чигит пинҳон мекардам.
Оҳиста-оҳиста кор мекардам, то садое набарорам. Аз лой порае дуруст карда будам ва ҳар вақт ки поён меомадам, ҷои кандаамро бо он пора ноаён карда пӯшида мемондам. Чароғ дар даромадгоҳ буд ва равзанае, ки ман барои кандан интихоб кардам, дар он қисмати девор буд, ки чароғ онро хуб равшан намекард. Шаби чорум каме дарз пайдо шуд, ки рӯшании чароғҳои берун метофт. Фаҳмидам, ки агар эҳтиёт накунам ва як каме фишор биёрам, афтидани як кулӯх метавонад нақшаҳоямро ошкор кунад, зеро шабонарӯзӣ дар атрофи сарой нигаҳбон мегашт ва ман ҳамеша шарфаи пояшро мешунидам.
Шаби чорум баромада, оҳиста як тарафи кулӯхро канда будам, ки боқияш якбора канда шуд. Бо як ҳаракати даст кулӯхи афтидаистодаро доштам ва нигоҳ кардам, ки нигоҳбон каме дуртар пушт ба ман истодааст. Нафаскаширо қатъ кардам. Бесадо сару дастро дарун кашидам. Шах шудам, интизор шудам, шарфаи пои нигаҳбон ором-ором дур шуд, ба сӯи дигар гузашт.
Равзанаро хеле эҳтиёткорона пӯшида монда, фаромадам. Кори равзана тамом шуд, имшаб дер аст, худо хоҳад, пагоҳ мегурезам.
Абдулҳаким гуфт, рӯзи панҷум боз ҳамон нафар, ки доим лату кӯб мекард, омада аз худову расул ва он дунё амри маъруф кардааст. Вақте ки онҳо ба назди ман медаромаданд, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё