Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ман фармон медоданд, ки чашмонамро баста рӯболо бихобам.
Онҳо аслиҳаи худро дар рӯи бадани ман мегузоштанд ва бо ман суҳбат мекарданд. Шояд озмудан мехостанд, ки ман кӯшиши гирифтан ва истифодаи силоҳро мекунам ё не. Он рӯз ду нафар даромада буданд ва ҳамон нафаре, ки доим пурсупос мекард, туфангашро рӯи шиками ман монда буд. Вақти берун рафтан онро нагирифта рафт. Ман туфангро ҳис мекардам. Вақте онҳо дарро мебастанд, ман фикр мекардам, ки оё онҳо махсус туфангро гузоштанд, ё фаромӯш карданд? Туфанг тир дорад ё на? Маро месанҷанд? Агар туфанг тир дошта бошад, имкони бо истифодаи он халос шудани ман чи қадр аст? Нақшаи аз равзана гурехтан беҳтар аст ё бо истифода аз туфанг? Ин ҳама дар як лаҳза аз дилам гузашт.
Ман, - гуфт Абдулҳаким – зуд тасмим гирифтам, ки бо тир пар ронӣ аз дасти инҳо халос шудан имкон надорад. Инҳо чандин нафаранд, ҳама мусаллаҳ бо Калашников. Ман бо як туфанг шонс надорам. Ҳамон нақшаи равзана хуб аст. Ва садо додам: «Ака, пистолетата фаромӯш кардӣ!» Ӯ дарро ҳанӯз набаста буд, давида баргашт ва «Ту хеле баччаи хубӣ» гуфта, маро таъриф кард ва аз хурсандӣ ҳатто «Намоз нахонӣ ҳам, ҳеч гап нест», гуфта фатво дод. Туфангашро гирифта, пурсид, ки пагоҳ бароям чӣ биёрад? Ман ба ӯ гуфтам, ки монда шудаам ва хобидан мехоҳам. Пагоҳ агар мумкин бошад, дертар биёяд. Ӯ аз ман ончунон розӣ буд, ки иҷозат дод бихобам, пагоҳ субҳи зуд маро бедор намекунанд. Ман ба фирор омода будам.
Шаҳртус. То Душанбе қариб дусад километр роҳ аст, то куҷо мегурезам? Дастгир мекунанд. Милисахона равам? Магар зӯри милиса ба инҳо мерасад? Таваккал ба худо! Аз ин ҷо, ки ба ромадам, баъд давомашро мебинам.
Дишаб, вақте торик шуд, аз пироҳанам ду порча дарронда, кафшҳои сарпоиямро, ки барои давидан мувофиқ набуданд, ба пойҳоям бастам. Чанд пора нонро ба кисаам ҷой кардам. Оҳиста

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё