Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданЯгон ҷоро дуздӣ кардӣ?» гуфта пурсид. «Ман аз дасти боевикҳо гурехтам, ҳозир меоянд» гӯям, бовар накарда, «сафсатта нагӯй, росташа гӯй, кампирро ту куштӣ?» гуфта исрор мекард. Ва «пеш даро, ҳозир туро бурда месупорем, ҳамааш маълум мешавад» гуфта, бо мили автомати ҳамоил дар гарданаш ба ман амр карда, пеши ҳамраҳаш овард. Ҳамраҳаш «киро қапидӣ?»
гуфта пурсид ва баъди «дуздак» гуфтани ӯ, сар то пои маро аз назар гузаронида «э, ман инро мешиносам, акааша ҳам мешиносам, - ва сӯи ман:
– Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ, чаро сару рӯят пури хоку хун?»
- гуфта, пурсид. Ман ҳодисаро кӯтоҳ гуфтам. Ба ҳамраҳаш:
– Ман инҳоро мешиносам, инҳо дузд нестанд, - гуфт.
– Рафтем, хонаашон мебарем, соати корӣ ҳам тамом шуд, - гуфта сӯи мошинаш рафт. Ман зуд ба нишастгоҳи ақиби мошинаш даромада нишастам. Мошинаш гирон нашуд. Хоҳиш кард, ки фуромада онро, ҳамроҳи милисаи дувум тела диҳам. Ман фуромадан намехостам. Фазои баста бароям амнтар менамуд.
Вале ӯ таҳдид кард, ки агар ёрӣ надиҳам, ҳеч ҷой намеравем.
Ман зуд фуромада, ёрӣ кардам, мошинро дукаса тела додем даргирифт ва онҳо манро ба хона оварданд.
Ману наздикон дар он шаш рӯз азоби маҳшарро дар пӯсти худ ҳис кардем. Хусусан, хоҳари бузургам аз ҷиҳати равонӣ садамаи сахт дид. Ман аз сабаби он ки ба кофтуков машғул будам, фикрам доим машғул буд, вале ӯ дар хона шаш рӯз интизорӣ кашид, интизорие, ки маълум нест ба чӣ меанҷомад. Ҳамин аст, ки ҳанӯз ҳам аз камтарин иттифоқ ба тарсу изтироб меафтад.
Ба наздикӣ филми коргардон Родриго Кортес «Зиндабагӯр»-ро дидам, ки тамоми даҳшати он рӯзҳоро дар ёдам зинда кард.
Ин азоби тоқатфарсоро худованд ба ҳеч кас насиб нагардонад!
Зимни ин ҳама нақл, гоҳ хандидаву гоҳ гириста, ба хизмати падару модари азиз расидем. Онҳо, ки ҳанӯз ҳам хавотирӣ мекашиданд, давида ба пешвоз баромаданд ва маро сиҳату саломат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё