Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
дида, боварашон намеомад ва гаштаву баргашта мепурсиданд, ки оё воқеан сиҳату саломатам ва агар сиҳату саломатам, чаро ин ҳама овозаву дарвоза дар даҳони мардум аст?
Ман дигар ниёзе ба пинҳон доштани асли воқеа надида, ба онҳо асли ҳолро гуфта додам. Дарзамон, онҳо ҳузури маро фа ромӯш карда, ба Абдулҳаким часпиданд, ки муддаои дили ман буд, зеро ба танҳоӣ ва осудагӣ ниёз доштам.
Бо Ҷон тамос гирифта, Абдулҳакимро, ки ҳатто дар ин ҷо хеле изтироб дошт, бо баҳонаи хондан дар мактаби пахтаи Мем фис (Cotton School) ба Амрико фиристодам. Аҳли оиларо ба Панҷрӯд ба назди падару модар, дуртар аз бало фиристода, бо милиса қарордод баста, Исмоилро ҳамчун ҷондор мусаллаҳ кар дам, худам низ расман иҷозаи силоҳ гардондан гирифта, ба навъе ба ҳамлаҳои баъдӣ омодагӣ гирифтам.
АБДУҲАЛИМ
арба мисли дафъаи гузашта, ба ҷои дигари хонадон зада
Зшуд. Моҳи августи соли 1999 хоҳарам Ибодат писараш
Аълоҷонро хонадор мекард ва моро ба ҷашни арӯсӣ ба Панҷрӯд
даъват кард. Мо бо истифода аз фурсат, ҳамаи дӯстон ва кормандони ширкатро ба ин ҷашн даъват кардем. Ман бо чанде
аз дӯстон ду рӯз пеш ба Панҷрӯд рафтем. Ман онҳоро барои
та мошо ба Кӯли Калон бурдам. Вақте мо аз Кӯли Калон ба
нияти ҷашни арӯсӣ ба хонаи хоҳарам баргаштем, хабари шуме
расид, ки Абдуҳалимро дар роҳ задаанд ва ӯро ба бемористони
шаҳри Панҷекат бурдаанд. Вақте ман ба бемористон расидам,
Абдуҳалим дар ҳоли беҳушӣ дар дами марг қарор дошт. Аз
гуфти пизишкон, сараш сахт зарб хӯрда буд. Пизишкон ӯро ба
таври фаврӣ ба ҷарроҳӣ гирифтанд ва ними шаб ба мо эълон
карданд, ки кӯшишашон бенатиҷа анҷомидааст ва ӯ фавтид. Мо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё