Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
берун мекашиданд. Падарам дар бораи ҷойҳои коркардаашон ва ҷоизаҳои гирифтаашону моҷароҳои аз сар гузарондаашон нақл мекарданд, ки аксараш барои ман ҳам нав буд. Вақте дар бораи ҷавонияшон ва нав ба кор қабул шуданашон, ки ҳар рӯз ҳашт-даҳ километр пиёда ба кор рафта меомадаанд ва аз хастагӣ дар роҳ рост истода, хобашон бурда мондааст, нақл карданд, устод Сорбон ба ваҷд омада, якбора, «ман дар бораи Шумо китоб менависам», гуфта ваъда доданд. Дар охири суҳбат падарам бо як оҳи сард гуфтанд:
– Ҳалол хӯрдам, ҳалол гаштам, намедонам, чаро худованд ин мусибатро насиби ман гардонд?!
Падарам таскин наёфта буданд, ҳоло ҳам дар сӯги Абдулҳалим буданд ва дар аъмоли худашон гуноҳ мекофтанд...
Устод Сорбон бо падарам қарор карданд, ки чанд бор вохӯрда, хотираҳои падарро навишта мегиранд ва аз он китоб месозанд. Мутаассифона, бо сабаби дурии роҳ ва бемории падарам, Устод натавонистанд хотираҳоро аз худи падарам навишта гиранд. Баъд аз марги падарам, Устод он ваъдаро қарзи худ дониста, аз мову амакҳоям ва ҳолдонҳо мавод ҷамъ карда, дар бораи оилаи мо китобе бо номи «Кадевар» навиштанд.
Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ ва аворизу омилҳои он ҳеч касеро канор нагузошт. Одамони бегуноҳ зиёд кушта шуданд.
Ба аъзои хонадони мо, ки дар ин ҷанг аз ҳеч сӯе иштирок накарда буд, зарбаҳои паёпай ва муҳлик ворид шуд. Шумори оилаҳои дар ин ҷанг қурбонидода ҳисоб надорад. Умедворам, ки чунин бадбахтӣ дигар ҳеч гоҳ насиби мардуми кишвари азизи ман нашавад!
Вале фоҷеаҳои мудҳиши ба сари хонадони ман омада як ҳақиқатро ба ман ошкор кард, ки дар ҷомеаи гушна сер будан «ҷурм» аст. Дар ин муҳит ба муқобили бухлу ҳирсу ҳасад ҳеч чорае муассир нест. Муваффақиятҳои ман ба сари хонадони ман бало овард. Ман дарк кардам, ки агар чораи муассиртаре

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ