Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
рӯзи дигар ӯро дар оромгоҳи деҳаи Марғедар ба хок супурдем.
Ин зарбаи мудҳиш буд! Ин зарбаи ноҷавонмардона тамоми шодиву сурурро барои солҳои зиёд аз хонадони мо рабуд. Худоё, ҳоло ҳам бо гузашти ин ҳама сол чӣ қадр сахт аст ёд овардани он воқеаи мудҳиш ва навиштани ин сатрҳо!
Ман дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса наменависам, фақат ҳамин қадар мегӯям, ки як силоҳбадасти лаъин, ки номаш гум бод (!) фақат ба хотири пеш гузаштан аз мошинаш, ӯро латукӯб карда, ба ҳамин ҳол расондааст. Баъдан қотил ба ҷазояш расид, вале ин оташи алами моро паст накард. Ҷузъиёти ҳодисаро аз он сабаб наменависам, ки хондани он барои аъзои хонадони мо хеле дарднок хоҳад буд, дар ҳоле, ки ин китоб сараввал барои онҳо навишта шудааст. Ва агар нависам, дидани ин китоб барои худам ҳам душвор хоҳад буд.
Абдуҳалим шахси орому ботамкин ва ба маънои томаш ҳа лим буд. Ӯ ҳамчун бародари калонӣ дар хурдиям мӯнису ғам хор ва дар ҷавонӣ ҳамдаму ҳамрози ман будааст, мо он қадр ба ҳам наздик будем, ки ҳатто пас аз тақрибан бист сол, касе на тавонист дар дили ман ҷойгузини ӯ шавад. Шояд сабаб он бошад, ки ман натавонистам ӯро раҳо кунам. Солҳои аввал ба ҷои дил, санги сарде дар сина доштам ва дунё бароям орӣ аз рангу тароват шуда буд. Ҳоло ҳам, вақте ёдаш мекунам, ҳамон ҳолат даст медиҳад. Солҳо оромиямро гум карда будам, гоҳ дар яъс будам, гоҳ дар хашм. Даркору нодаркор даъвову хархаша мекардам.
Ба ҳоли худам нигоҳ накарда, аз ҳоли падару модарам нигарон будам. Бо гузашти солҳо фикр мекардам, ки онҳо таскин ёфтаанд, вале ҳайҳот!
Соле пеш аз марги падарам, устод Сорбон ба хонаи падар меҳмон шуданд. Сари дастархон суҳбати ҳардуи онҳо «қӯр гирифт». Ману Комрон ҳам ҳузур доштем. Устод Сорбон мисли ҳар нависандае, бо кунҷкобӣ савол дода, хотироти падарамро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё