Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан– Чӣ, ман барои пул кор кардам, магар? Як хона пӯшондам.
Ҳеч кори арзишманде накардаам. Ба худатон ва фарзандҳотон насиб кунад, - гуфта, ҷавоб дод ба падарам.
Падарам:
– Не, барои пул неву лекин ҳаққатона гиред охир, ош шавад,
- гӯён як миқдор пули ҳисоб кардаашонро пеши усто гузоштанд.
Усто ба пул эътиное накарда, сӯи дигар рӯй тофта, нишаста буд. Ба назари ман ҳолат ногувор намуд. Гумон мекардам, ки усто аз пешниҳоди падарам нороҳат аст.
Падарам:
– Гиред, ба хизмататон розӣ шавед, ҳазор сӯм, ҳаққу ҳалол, - гуфтанд.
– Як тинатон ҳам ба ман даркор нест. Пулатон ба худатон насиб кунад, - гӯён усто пулро баргардонда ба пеши падарам гузошт. Ман, ки бори аввал шоҳиди чунин ҳисобукитоб мешудам, сарфаҳм намерафтам, ки чаро усто ноз мекунад ва пули корашро гирифтан намехоҳад.
Падарам бо табассум аз бандчаҳои пули наздашон чанд донаи дигар ҳисоб карда рӯи он пулҳо ҳамроҳ карданд ва боз наз ди усто гузоштанд, ва:
– Ана дуруст шуд, сад сӯми дигар, гиреду розӣ шавед, - гуфтанд. Усто бо оҳанги мулоимтар:
– Гуфтам, ки пулатон ба худатон насиб кунад! - гӯён бо дас таш пулҳоро андаке ба сӯи падарам тела дод. Падарам бо та бас суми саволомез ба сӯи амакам нигоҳ карданд. Амакам:
– Усто, хуб шуд, гиред, розӣ шавед! - гуфтанд. Усто ба гапи амакам эътиное надода аз падарам:
– Чӣ тавр ҳисоб кардед? - гуён пурсид, зоҳиран, ӯ то ҳол пул ро аз сабаби камияш нагирифта будааст, ноз мекардааст, то маблағи дилхоҳашро пешниҳод кунанд.
– Чилучор рӯзи корӣ, ҳар рӯзе 25 сӯмӣ, - ҷавоб доданд падарам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё