Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Ва илова карданд:
– Усто Бозор хонаи ҳамсояро сохт, барои ҳар рӯзи кораш
23 сӯмӣ гирифт, ман барои шумо 25 сӯмӣ ҳисоб кардам, ки хур санд шавед.
– Устои дигарро бо ман муқоиса накунед, кори мана бинеду кори дигарона, - гуфт усто.
– Охир, барои ҳамин 23-сӯмӣ нею 25-сӯмӣ ҳисоб кардам, - гуфтанд падарам.
Усто:
– Гуфтам-ку, пулатон ба худатон насиб кунад, як хона пӯшон дам аз шири модар ҳалол, ба наслҳотон насиб кунад, - гӯён боз ҳам пулро бо нӯги ангушташ андаке ба сӯи падарам тела дод. Ин дафъа амакам ба падарам «пулро ба ман диҳед», гуфта нимхез шуданд. Падарам пулҳоро бардошта ба амакам доданд.
Он пулҳоро ҳам диҳед, гуфтанд амакам. Падарам пулҳои бо қимондаро, ки наздашон рӯи дастархон меистод, низ ба амакам доданд. Амакам чолокона аз он пулҳо чанд коғази дигарро ҷудо карда ба бастаҳои қаблӣ ҳамроҳ карданд ва:
– Ҳазору саду чил сӯм, усто, гиред розӣ шавед! - гӯён ба усто дароз карданд.
Усто:
– Чанд? - гуфта пурсид. Амакам такрор карданд. Ӯ даст да роз карда, пулро гирифта ба ҷайбаш андохту:
– Насиб кунад, - гӯён даст ба рӯй кашид ва филфавр аз ҷояш хеста, бухчаи наздашро гирифта, ба берун баромад...
АБДУЛАҲАД
аъд аз он, ки хонаро шиферпӯш кардем, якчанд дона ши-
Бфер зиёдатӣ монда буд. Он рӯз ману падарам ҳавлиро
ба тартиб меовардем. Ҳанӯз то вақти наҳор зиёдтар аз ним соат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё