Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
меомад. Ман, ки тасаввурам дар бораи дониши худам хеле беш тар аз асл буд, мехостам душвортарин қулларо фатҳ кунам.
Соли 1983 мактаби миёнаро хатм кардам ва барои дохил шу дан ба Донишгоҳ ба Душанбе омадам, вале аз имтиҳони аввалин, ки иншо буд, баҳои «ду» гирифтам. Худам вақте ки иншоро менавиштам, донистам, ки баҳои қаноатбахш нахоҳам гирифт, зеро мавзӯъро хуб намедонистам. Дигар аз он ғурури беҷо чизе намонд.
Чун ман замони таҳсил дар мактаб талабаи аввал ва пешсаф будам ва ба фикри худам, аз дигарон бештар имкони донишҷӯ шудан доштам, ҳам эътимодам ба худам аз ҳад боло буд ва ҳам дигарон маро бисёр қобил мешумурданд, қабул нашуданам ба Донишгоҳ ба ман хеле таъсир кард.
Вале чизе ки маро бештар азият медод, он буд, ки фикр ме кардам бовари падарамро ба худам аз даст додам, ҳарчанд падарам ба ман аслан ҳеч чиз нагуфта буданд.
Аз Душанбе баргаштаму дар корхонае, ки падарам кор мекарданд, ба кор даромадам. Он солҳо падарам раиси як бахши корхонаи заминшиносӣ воқеъ дар деҳаи Заврон буданд. Ва он як соле, ки дар Заврон кор кардам, кулли китобҳои дарсии ло зимаро гаштаю баргашта хондам.
Вақте ки тобистони дигар барои ҳуҷҷатсупорӣ ба Душанбе омадам, падарам аз тағоям хоҳиш карданд, маро роҳнамоӣ кунанд, то ман имсол ҳатман ба Донишгоҳ дохил шавам. Вақте ба Душанбе омадем, тағоям бо хеши дигарамон Султонмурод, ки устоди донишгоҳ буданд, машварат карданду ба ман тавсия доданд, ки ба факултаи шарқшиносӣ ҳуҷҷат насупорам, чун ба он факулта қабул шудан бисёр душвор буд, зеро барои ҳар ҷой имсол ҳатто аз солҳои пешин бештар довталабон ҳуҷҷат супорида буданд. Натиҷаи соли гузаштаро дида, онҳо фикр мекарданд, ки ман омодагӣ ва лаёқати лозимаро барои дохил шудан ба он факулта надорам. Ин ҳам маро бисёр нороҳат ме-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё