Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
сохт, зеро ҳарчанд ман исрор кардам, ки мехоҳам дар факултаи шарқшиносӣ, дар шуъбаи забони форсӣ таҳсил бикунам, онҳо ҳукм карданд, ки ман бояд ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи филологияи тоҷик бисупорам. Озмуни факултаи филология хеле камтар, барои ҳар ҷой 4-5 нафар довталаб дошт, ва имкони дохилшавӣ ба он ҷо бештар буд. Ман, ки як баччаи 17-сола будаму ҳанӯз иродаи ба калонсолон гап гузарондан надоштам, ночор ҳукми онҳоро пазируфтаму ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи филологияи тоҷик супурдам. Аз ин тасмим бисёр нороҳат будам ва ба худам гуфтам: ба факултаи филология бо баҳои баланд дохил хоҳам шуд, то собит бикунам, ки лаёқати дохил шудан ба факултаи шарқшиносиро ҳам доштам, вале дар факултаи филология таҳсил намекунам! Дар факултаи филология ба андешаи онвақтаи ман муаллимони забон ва адабиёти тоҷикро барои мактаб ва донишгоҳҳо тайёр мекарданд, ки ман ҳеч гоҳ фикри муаллим шудан надоштам, чун бовар доштам, ки ин кори ман нест. Муаллимӣ сабру таҳаммули зиёд мехоҳад, дар ҳоле, ки ман аслан он таҳаммулро надоштам. Дар муддати якуним - ду моҳе, ки то имтиҳонҳо боқӣ монда буд, боз ҳам дар пайи омодагӣ ва мутолиа шудам. Ҳамаи китобҳои дарсиро, ки дар муддати як сол хонда будам, бори дигар такрор кардам, ки муҳтавои онҳо комилан дар зеҳнам ҳифз шуда буд. Дӯсти ҳамхонаам Сайфуллоҳ китобро боз мекарду сари мавзӯеро ме хонд ва ман он мавзӯъро бе китоб идома медодам, албатта, муҳтавои мав зӯъро ба лафзи худам баён мекардам, вале намунаҳои шеъриро ҳифз карда будам.
Имтиҳонҳо сар шуданд. Имтиҳони якум иншо буд. Довталабонро бо муқоисаи шиносномаву варақаи имтиҳонсупорӣ, рӯзи муайян, дар синфхонаҳо менишонданд ва зери назорати як ё ду нафар устодони донишгоҳ иншоро аз зеҳн ва ҳофизаи худ менавиштанд. Истифода аз китоб ё манбаъҳои дигар мамнӯъ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё